1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

ФУТБОЛ. Бозии нахустинро дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон «Истиқлол» бо ғалаба оғоз намуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  пас аз иштироки муваффақона дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар Лигаи олии Тоҷикистон аввалин бозиашро анҷом дод.  «Истиқлол» дар доираи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи рақобатро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 14-ум ба нишон расонид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии марказии давр дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар  дастаи  «Истравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Се голи хуҷандиҳоро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро  Илҳомҷон Баротов ва Бахтиёр Абдураҳмонов заданд.

Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон – «Равшан» ва «Хатлон»   дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд. Ҳисоби бозиро футболбози бохтарӣ Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 17-ум кушод. Ҳамдастааш Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 79 ҳисобро афзуд. Кӯлобиҳо ба ин ду гол тавассути Эффаҳ Кингслей Осей бо ягол ҷавоб доданд.

Бозии дигар миёни дастаҳои футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби  мусовии 2:2 анҷом ёфт. Люк Леонел аз дастаи «Душанбе» ду гол зад. Голҳои  дастаи «Кӯктош»-ро Расул Файзов ва Суҳроб Раҳмонов ба номашон сабт карданд.

Ниҳоят дар бозии охирини давр  дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  аз дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шаҳзод Абдураҳимов ба нафъи дастаи  «Эсхата» дар дақиқаи 43 ҳисобро кушод, пас аз 5 дақиқа Маҳмадалӣ Содиқов ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюм дастаи  «Эсхата»  тавассути Боҳирҷон Сангинбоев ва Абдусамад Самадов ду голи дигар зада, ғалабаи дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро  дар ин бозии ҷолиб таъмин кард.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии шаш даври бозиҳо  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 13 хол садрнишини ҷадвали чемпионат аст. Намояндаи дигари вилояти Суғд – дастаи  «Эсхата», ки 8 хол дорад, дар ҷои дуюм ва дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ низ бо 8 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Ёдовар мешавем,ки  бозиҳои навбатии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ 15-16 май доир мегарданд. 15 май дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо    «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ,  16 май  дастаҳои футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо «Истравшан»-и шаҳри Истаравшан  вомехӯранд. Вале қабл аз ин 12 май бозии мавқуфмондаи даври аввал миёни дастаҳои «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  баргузор мешавад.

Дар даври шашум бозиҳо бо иштироки дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бинобар сабаби ширкаташон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 (14-20 май) сурат намегиранд.

АКС аз ФФТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news