-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат нишон додаанд. Айни замон дар вилоят  29 нафар иштирокчиёни ҶДҶ  дар қайди ҳаёт буда,  синашон аз 95 то ба 101-сола  мебошанд.

Дар ин бора имрӯз, 8 май зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945), ки дар Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, пеш аз оғози ҷамъомади тантанавӣ  Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, шаҳрвандон ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар назди муҷассамаи «Аскари номаълум» гулчанбарҳо  гузоштанд.

Дар оғози ҷамъомади тантанавӣ  Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли ҳамоиш, меҳтарони ҷанг, тамоми сокинони Хатлонзаминро ба муносибати Рӯзи Зафар самимона таҳният гуфт.

— Солҳо мегузаранд, аммо хотираҳо аз Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945  дар ёди иштирокчиён ва тамоми мардуми сулҳхоҳ боқӣ мемонад. Дар он солҳо баробари халқияту миллатҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонписарони тоҷик низ зидди душмани аҳриманӣ дар майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки Ватани ягонаро аз душман ҳифз намуданд ва барои насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд,- афзуд раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода  ҳамчунин  ёдовар шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик қаҳрамонию корномаи бузурги дар ақибгоҳ будагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат карда ғалабаро наздик оварданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар ҳарду арса барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.

Раиси вилоят афзуд, ки дар замони пойдории истиқлолияти кишвар таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт, ҳамасола, кумакҳо расонида шуда, баҳри беҳдошти зиндагии ин қишри ҷомеа чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад.

— Эҳтиром доштану қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост, — таъкид намуд Қурбон Ҳакимзода.

Пас аз сухани шодбошии раиси вилоят барномаи ҳунарии санъаткорони вилоят тақдими аҳли ҷамъомад гардид.

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news