2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд

5 май бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

С.Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва тавофуқоти ҳосилшуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии мо ҳусни нияти ҷониби Тоҷикистонро барои ҳаллу фасли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо аз тариқи гуфтушунид ва пайдо намудани роҳҳалҳои барои ҳарду ҷониб қобили қабул бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар таъкид кард.

Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон табодули афкор карда, чораҳои амалии дарпешистода барои баргузории силсилачорабиниҳои дуҷонибаро, ки аз тавофуқоти сарони ду давлат зимни гуфтугӯи телефонӣ 28 апрели соли 2021 бармеоянд, мувофиқа намуданд.

Манбаъ: ВКХ ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news