4.5 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ муайян гардиданд

Имрӯз, 6 май дар шаҳри  Софияи Булғористон мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гӯштин дар доираи Бозиҳои олимпии Токио – мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ  оғоз  шуда, то 9 май идома меёбад. Аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок мекунад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин, барои ба даст овардани 36 роҳхати охирин ба Токио (иштирокчиёни финал дар 18 категорияи вазнӣ) 474 нафар варзишгарон аз 84 давлати дунё дар София ҷамъ меоянд. Ҳоло тибқи натиҷаи қуръакашӣ рақибони паҳлавонони тоҷик маълум шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур  варзишгарони зерин  иштирок мекунанд:

Гӯштини тарзи озод

Даври муқаддамотӣ: 57кг – Муҳаммад Икромов – Рикард Антонио (Панама)

Даври муқаддамотӣ: 86кг – Баҳодур Қодиров — Бедопасса Буассат (Гвинея-Бисау)

Даври муқаддамотӣ: 125кг – Искандари Рустам — Ҷере Хейно (Финландия)

Гӯштини юнонӣ-румӣ

Даври 1/8 ниҳоӣ: 60кг – Фирӯз Мирзораҷабов— Ҷошуа Хавйер (Пуэрто-Рико)

Даври муқаддамотӣ: 77кг – Далер Ризозода — Гурприт Сингх (Ҳиндустон)

Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин хабар додааст, дар ҳоле ки дар панҷ соли охир гӯштингирони ҷавон рӯи майдон омадаанд, ҳашт нафар ҷоизадори олимпӣ ҳанӯз роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро нагирифтаанд ва дар мусобиқаи София ширкат мекунанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин, ки соли 2019 дар  шаҳри Нурсултони  Қазоқистон баргузор шуда буд (6 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ), мусобиқаҳои интихобии қоравӣ, ки соли 2021 доир гардиданд (2 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ) иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро муайян кард. Вале варзишгарони  тоҷик  дар ду мусобиқаи гузашта натавонистанд роҳхати олимпӣ ба даст оваранд.

Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод — 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ — 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news