1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Эмомалӣ Насриддинзода ёрдамчии нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

 Тавре қаблан хабар додем, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2021 Эмомалӣ Насриддинзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Абдуҷаббор Раҳмонзодаро, ки як рӯз пеш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин шуд, иваз намуд.

Эмомалӣ Насриддинзода 2 июли соли 1966 дар ноҳияи Москваи (ҳоло Ҳамадонӣ) вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати №8-и шаҳраки Кангурти ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) гирифтааст.

Соли 1990 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№2-и ноҳияи Балҷувон оғоз кардааст.

Солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.

То соли 2006 ба сифти ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2000 то соли 2003 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, пас аз хатми он  то соли 2006 ҳамчун унвонҷӯи Институти фалсафа  ва ҳуқуқи АИ ба корҳои илмӣ машғул гардидааст.

Эмомалӣ Насриддинзода аз соли 2006 дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба тарбия (солҳои 2007-2009), ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим (солҳои 2009-2011) ва декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (солҳои 2011-2016) фаъолият намудааст.

Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон” ва соли 2014 рисолаи докториро дар мавзӯи “Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” ҳимоя кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.

Мавсуф узви Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва авф ва Шӯрои илмии машваратии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи зиёда аз 100 таълифоти илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносӣ аст. Мавзӯи асосии таҳқиқоти илмии ӯ омӯзиши масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, инчунин масъалаҳои тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар самти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, мубориза бар зидди экстремизм, терроризм ва коррупсия мебошад.

20 феврали соли 2016 аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи якмандатии Фирдавсӣ №1 пешбарӣ гардид.

То таъйиноти дирӯза ба ҳайси Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият дошт.

Бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, медали ҷашнии “90-солагии адлияи Тоҷикистон” ва мукофоти давлатии “Ордени Шараф дараҷаи II” сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Манбаъ:

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news