1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд

 4 май дар Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ доктор Юсуф Ал-Усаймин баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ба Дабири кулли Созмони мазкур дар бораи таҳаввулоти вазъ дар минтақаҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва сабабҳои сар задани ҳодисаҳои ахир дар ин минтақа маълумоти муфассал дода шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон идомаи раванди музокиротро роҳи ягонаи ҳалли қазияи сарҳадӣ бо кишвари ҳамсоя медонад ва дар баробари ин барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тамомияти арзии худ аз тамоми роҳҳои қонунӣ истифода хоҳад кард.

Аз ҷониби худ, Дабири кулли СҲИ аз муътадил шудани вазъ дар минтақаҳои сарҳадӣ ва идомаи раванди музокирот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуд. Юсуф Ал-Усаймин иброз дошт, ки СҲИ дар робита ба қазияҳои дуҷонибаи кишварҳои узв мавқеи бетарафӣ ихтиёр менамояд ва дар ҳолати зарурат ба раванди ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо мусоидат мекунад.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо СҲИ баррасӣ шуданд.

Манбаъ: аз ВКХ ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news