4.1 C
Tajikistan
Friday, June 18, 2021

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон

Ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои кишвар дар оянда ҳамчун  яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОК СММ) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев арзёбӣ гардид. Дар ин хусус Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ифтитоҳи марказҳои логистикӣ дар оянда дар минтақаҳои Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати озуқаворӣ мусоидат менамояд, хабар медиҳад манбаъ.

Дар мулоқот Завқӣ Завқизода аз ҳамкорӣ ва иштироки СОК СММ дар таҳия ва ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда арзи сипос намуда, дар робита ба сиёсати кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии давлат, инчунин имконияти мавҷудаи робитаҳо дар ин самтҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард. Намояндаи СОК СММ вобаста ба самтҳои фаъолияти созмон, чораҳои амалигардида, кумакҳои техникӣ, имконияти ҳамкории ҷумҳурӣ бо он дар соли ҷорӣ ва давраи минбаъда ибрози андеша намуд.

Зикр шуд, ки то давраи 31 декабри соли 2020 Намояндагии СОК СММ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи фаъоли миллиро ба маблағи умумии 8,1 миллион доллари ИМА амалӣ намудааст.

Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуданд.

Манбаъ: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news