1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Абдуҷаббор Азизӣ ва Лю Бин вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳизбиро баррасӣ намуданд

5 май дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лю Бин баргузор гардид. Зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баррасӣ шуда, наздикии мавқеи ҷонибҳо оид ба аксари масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид гардид. Дар ин бора аз  шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.

Дар мулоқот муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода низ иштирок доштанд.

Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сафирро хуш пазируфта, оид ба раванди корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар ва иштироки ширкатҳои чинӣ дар ин марҳилаи бузурги созандагӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки имсол барои кишварҳои мо соли муҳим маҳсуб меёбад – истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин.

Дар ҷараёни вохўрӣ, ки дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо ба ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ беш аз 10 сол татбиқ мегардад, баҳои муносиб дода, дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин перомуни мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ибрози андеша карданд.

-Мо ҳамеша кумаки дӯстонаи шарики стратегии худ — Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар ҳалли масъалаҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳим эҳсос менамоем, — гуфт. А.Азизӣ ва афзуд, ки мо дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба идома додани мутобиқсозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ва пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, ки аз сиёсати хориҷии хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, изҳори омодагӣ менамоем.

Таъкид гардид, ки бунёди бузургтарин иншооти инфрасохторӣ ва рушди онҳо бо ҷалби доираҳои соҳибкории Чин дар мамлакат неруи тоза мегирад.

— Дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ мо ҳамеша дастгирӣ ва ҳамовозии Тоҷикистонро бо кишвари худ эҳсос мекунем ва аз ин раванд қаноатмандем. Имрӯз Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон маҳсуб ёфта, минбаъд низ ба ҳайси шарики стратегӣ дар ҳалли якчанд масъалаҳои муҳим кумак хоҳад расонид,-гуфт Лю Бин.

Ҳоло муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикӣ касб намуда, саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news