-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Таҳти ин унвон иқдоми байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он баргузории 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар назар аст

18 май бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Шабе дар Осорхона» иқдоми байналмилалӣ баргузор шуда, дар як шаб 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  пешниҳоди меҳмонон ва иштирокчиён гардонида мешаванд.

Мавсуф зикр намуд, ки иқдоми «Шабе дар Осорхона» аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар як шаб пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд. Барномаҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа нигаронида шудаанд. Яъне, дар ин шаб аз тамошобини хурд то бузург вобаста ба синн метавонанд барои худ барномае пайдо намоянд. Дар ин шаб дар баробари дигар намоишҳо ҳунарҳои мардумӣ: кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб ва дигар навъҳои он пешниҳод мешаванд. Барои тамошобинони хурд барномаҳои ҷолиби зеҳнӣ пешниҳод мешаванд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ин шаб  дар якҷоягӣ бо ҳунармандони театри Лоҳутӣ барномаи ҷолиби дигарро пешниҳоди ҳозирин мегардонад. Инчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои меъмории шаҳри Душанбе низ муаррифӣ мегарданд. Иқдоми «Шабе дар Осорхона» маротибаи 8-ум аст, ки баргузор мегардад.

Ташкилкунандагони ҳамоиши мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд. Иштироки тамошобинон дар тамоми маҳфилҳои осорхона ройгон аст.

Иқдоми «Шабе дар Осорхона» барномаи байналмилалӣ буда, ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбат ба фароғати шаҳрвандон,  макони фарҳангӣ будани осорхона ва бештар ҷалб намудани ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Айни замон 120 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин иқдомро амалӣ менамоянд.

Баргузории чунин иқдом дар дигар кишварҳои узви ИДМ низ пешбинӣ шудааст.

Барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, дар Тоҷикистон  баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон он бори аввал  соли 2013  доир  шуда  буд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news