2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо — «Kazan Grand Slam 2021» муайян шуданд

Имрӯз дар шаҳри Қазони Россия Мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба дзюдо- «Kazan Grand Slam 2021» оғоз  гардид, ки он  то 7 май идома  меёбад. Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ варзишгарони шинохтаи  тоҷик  Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо, инчунин дар мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» иштироки 459 нафар варзишгарон (279 мард ва 180 зан) аз 82 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.  4  май дар шаҳри Қазони Россия маросими қуръакашии мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» баргузор гардид, ки дар натиҷаи он рақибони паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи муқаддамотӣ муайян шуданд.

-60КГ | Даври 1 | Абумуслим Қаюмзода vs Роберт Мшвидобадзе (Россия)

-60КГ | Даври 1 | Шаҳбоз Саидабуроров vs Родриго Коста Лопес

-66КГ | Даври 2 | Алиҷон Сафаралиев бо ғолиби ҷуфти Есет Куанов (Қазоқистон) — Артур ТЕ (Қирғизистон)

-66КГ | Даври 2 | Баҳром Суфиев vs Айюб Элидриси (Қатар)

-73КГ | Даври 2 | Сомон Маҳмадбеков vs Ҷалолиддин Бойназаров (Ӯзбекистон)

-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Морад Земури (Қатар)

-90КГ | Даври 1 | Комроншоҳ Устопириён бо ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария)

Қуввасанҷиҳо аз 5 то 7 май баргузор мешаванд.

Барномаи баргузории мусобиқа:

Рӯзи якум (5-уми май):

Оғоз: 10:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -48kg, -52kg, -57kg

Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (6 май):

Оғоз: 11:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -63, -70kg;

Мардон: -73, -81kg

Рӯзи сеюм (7 май):

Оғоз: 11:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -78, +78kg

Мардон: -90, -100, +100kg

Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дуюм 700 имтиёз ва барои ҷойҳои сеюм 500 имтиёз дода мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба дзюдо «Kazan Grand Slam 2021» охирин мусобиқаи Grand Slam пеш аз Бозиҳои олимпии Токио-2021 мебошад.

Манбаъ: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news