5-уми майи соли 2021 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мусобиқаи “Гранд Слам” оғоз гардид. Дар ин мусобиқа ҷумҳурии моро паҳлавонони шинохта Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду вазни – 60кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (- 66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд. Қаблан ду варзишгари мо дар вазни то 60 кг Абумуслим Қаюмзода аз Роберт Мшвидобадзе (Россия) ва Шаҳбоз Саидабуроров аз Родриго Коста Лопес дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Дар вазни то 66 кг Баҳром Сӯфиев бо Аюб Элидриси (Қатар) ба рақобат пардохтанд ва варзишгари Қатар бо гирифтани 3 вазарӣ аз Баҳром Сӯфиев шикаст хӯрда ба даври навбатӣ роҳ ёфт. Акнун варзишгари тоҷик дар рақобати навбатӣ бо варзишгари рус Григорян Арам вомехӯрад.