-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Доир ба нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор шуд

4 май дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо!» ҳамоиши ҷавонони соҳаи  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур кормандони дастгоҳи марказии Вазорати адлия ва сохторҳои он, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки имрӯз ҷомеаи мамлакат ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик дар таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ сахт эътимод дорад. Саҳми устувор  ва мавқеи якдилонаи ҷавонони мамлакат зери роҳнамоии пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки воқеан ҷавонони созанда ва худшиноси мо ба қадри арзишҳои муқаддаси милливу давлатӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шоёни Пешвои худ расида, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон иродаи қавӣ доранд.

Аз ин рӯ дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани ҳамоишҳои ҷавонони касбу кори гуногун ҷиҳати муаррифӣ намудани дастовардҳои онҳо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба мақсад мувофиқ мебошад

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои вобаста ба дастовардҳои соҳаи қонунгузории Вазорати адлия дар 30- соли соҳибистиқлолӣ,  назорати раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, Истиклоли давлатӣ  ва ҷавонон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news