10.8 C
Tajikistan
Friday, September 30, 2022

Дар Суғд собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ақибгоҳ қадрдонӣ мегарданд

 Имсол ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 76 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд барномаю ҳамоишҳои мухталиф ба нақша гирифта шудаанд. Аз чумла, вобаста ба ин сана қарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, баҳри посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ  дар қаламрави вилоят Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон  ботантана таҷлил карда мешавад.

Ҳамзамон тибки маълумоти Ш.Алиев, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамсарони бесаробонмондаи сарбозони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба ҳар яки онҳо ба маблағи 4000 сомонӣ ва ба шахсони ба ин қатор барорбаргашта, аз ҷумла нафарони дар ақибгоҳ фидокорона хизматнамуда ба маблағи 2000 сомонӣ кумакпулии яквақта тақдим карда мешавад.

Зикр гардид, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Ғалаба гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва ташкили «Қаровули фахрӣ» аз ҳисоби хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи маркази вилоят, ки айни ҳол корҳои таъмиру навсозӣ дар ин ҷо дар арафаи анҷомёбист, пешбинӣ шуда, дар муассисаҳову ташкилот барномаҳои тарбиявӣ — ватанпарастӣ низ доир мегарданд.

Тавре Шавкат Алиев тазаккур дод, давоми чанд сол аст, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар ҳамаи иштирокчиёни ҶДҶ дар як сол ду маротиба ба хизматрасонӣ ва дорувории ройгони тиббӣ ҷалб гардида, ғайр аз ин ба онҳо аз соли 2003 инҷониб роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои миқёси вилоят дода мешаванд.

Аз шумораи умумии иштирокчиёни набардҳои ҷанг ҷавонтарини онҳо 95-сола ва солдидатаринашон 102-сола буда, ду нафарашон ба синни 100 расидаанд. Инҳо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Иброҳимов Мирзоалӣ ва шаҳри Панҷакент Саид Буриев мебошанд.

Ҳоло дар вилояти Суғд 30 нафар (2020-47) иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945, 1 нафар ҳамсари бесаробонмонда ва 191 нафар (2020-283) шахсони дар ақибгоҳ хизматкарда иқомат дошта, ҳар яки онҳо ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву  шаҳрӣ бархӯрдоранд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news

503 Service Unavailable

Service Unavailable

The server is temporarily unable to service your request due to maintenance downtime or capacity problems. Please try again later.

Additionally, a 503 Service Unavailable error was encountered while trying to use an ErrorDocument to handle the request.