1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Бо дастури Пешвои миллат муддати як моҳ тамоми манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён пурра бунёду барқарор мегарданд

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд. Ин нуктаро имрӯз, 5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни  боздид аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, иброз дошт.

Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара вазъи кунунии хонаҳои истиқоматиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо соҳибони онҳо суҳбат намуд.​

Айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

-Давлат ва Ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем, — зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.​

Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён таъкид доштанд, ки рӯҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат соҳиби сарпаноҳ мегарданд.​

Бино ба таъкиди сокинон, хонаҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя бадқасдона оташ зада шуда, сипас наворбардорӣ гардидаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор дода шуданд.

Ба оилаҳои зарардида аз тарафи роҳбарияти вилоят маводи ғизоӣ низ дастрас гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news