-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи вижаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон мулоқот намуд

Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд.

Дар суҳбат мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, омодагӣ ба баргузории Конфронси муҳими сулҳ дар Истанбул, хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Илова бар ин, С.Муҳриддин таъкид дошт, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амният ва сулҳу субот дар он кишварро ҷонибдорӣ менамояд.

Зимни баррасии робитаҳои ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷониба, тарафҳо аз ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро зикр карданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин зарурати пайгирии пайвастаи масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА таъкид гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news