8.2 C
Tajikistan
Sunday, May 9, 2021

Дар Исфара ба оилаҳои зарардида кумак расонида шуд

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба 8 оилае, ки дар муноқишаҳои наздисарҳадии рӯзҳои охир аъзои он қурбон шуданд, инчунин ба 16 оилаи захмбардоштагон, 16 оилаи зарардида ва 10 оилаи маъюбдошта маводи хӯрока,  аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар кӯмак расонида шуд. 

Иқдоми мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳри Исфара Савриддин Раҷабов, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Шукурҷон Насриев ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруридин Зиёваддинзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, минбаъд низ идома меёбад.

Номбурдагон ба оилаҳои зикршуда рафта, бо шароити  зисти онҳо шинос шуда, кумакро дастрас намуданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба 8 оилае, ки дар муноқишаҳои наздисарҳадии рӯзҳои охир аъзои он қурбон шуданд, инчунин ба 16 оилаи захмбардоштагон, 16 оилаи зарардида ва 10 оилаи маъюбдошта маводи хӯрока,  аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар кӯмак расонида шуд. 

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳри Исфара Савриддин Раҷабов, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Шукурҷон Насриев ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруридин Зиёваддинзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, минбаъд низ идома меёбад.

Номбурдагон ба оилаҳои зикршуда рафта, бо шароити  зисти онҳо шинос шуда, кумакро дастрас намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзилҳои истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳои марзӣ, ки охири моҳи апрели соли равон рух доданд,  хароб шудаанд, дар муддати як моҳ пурра барқарор мешаванд. Дар ин бора 3 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни машварати корӣ изҳор дошт.

Тавре хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.

Манбаъ: АМИТ  «Ховар»

Latest news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...

Related news