2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Вакилони МН масъалаи тағйирот ба Қонун «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»-ро баррасӣ карданд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи қонуни  мазкур  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, мақсад аз  таҳияи он мукаммалгардонии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он мебошад.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» иброз дошт, ки дар лоиҳаи қонун ба моддаҳои 1, 8, 16 ва 19-и Қонуни амалкунанда тағйирот пешбинӣ гардида, тибқи онҳо мутобиқ намудани меъёрҳои қонун, муайян ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ғалла ва маҳсулоти коркарди он муқаррар карда шудааст.

Тағйироти воридгардида барои бартараф кардани гуногунфаҳмӣ дар асоси мушаххас кардани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти ғалла, коркарди саноатии ғалла, бехатарии озуқавории ғалла, стандартикунонӣ ва нозироти ғалла, маҳсулоти коркарди он ва захираҳои давлатии ғалла пешбинӣ шудааст.

АКС аз Маҷлиси намояндагон

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news