-3.5 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Тоҷикистон дар оянда барои ҳамлу нақли бор аз бандари «Туркменбошӣ» истифода менамояд

Интизор меравад, ки дар оянда Тоҷикистон барои воридот ба ҷумҳурӣ ва баровардани бор аз он аз бандари баҳрии   «Турменбошӣ» истифода намояд. Масъалаи мазкур дар вохӯрии намояндагони нақлиёти Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар мулоқот  масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт матраҳ гардиданд.

Дар мулоқот ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии «Туркменавтоулаглари» ва Агентии «Туркмендемирёллари» масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, роҳи оҳан, гузариши транзитӣ ва дигар масъалаҳои  ҷойдоштаро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии худро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва роҳи оҳан баён намуда, иброз доштанд, ки бо риояи ҳатмии талаботи эпидемиологӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли дуҷониба ва транзит чораҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news