4.7 C
Tajikistan
Sunday, May 9, 2021

Ғолибони бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи фуболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ ба дарвозаи дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  4 голи беҷавоб зад. Ғалабаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро дар ин бозии ҷолиб   Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов таъмин намуданд.

Бозӣ миёни дастаҳои  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  – КМВА-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби  мусовии 1:1  анҷом ёфт. Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67 бохтариҳоро ба пеш баровард, вале Комрони Мирзохон аз тими артиш баъди 6 дақиқа ҳисобро баробар кард.

Дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар як бозии пуршиддат бар дастаи  футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозингари дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб Алишер Эргашев дар дақиқаи 12-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш карда, ҳисобро кушод. Кӯлобиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммад Ризомов дар дақиқаи 29 ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 51 ба пеш баромаданд, вале ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозингарони  дастаи  футболи  «Душанбе» Иззатулло Рӯзиев ду гол, Амир Манеш як гол зада, пирӯзии дастаи  футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанберо таъмин намуданд.

Ниҳоят, дар бозии охирини даври панҷум  дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сафар бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби  2:3 ғолиб омад. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро дар ин бозии ҷолиб Ҷаҳонгир Сафаров, Отабек Каримов, Фирӯз Раҳматов, голҳои дастаи  «Эсхата»-ро Акобир Тураев ва Мубинҷон Муъминов заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо, дар ҷадвали мусобиқа дастаи фуболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 10 хол пешсаф аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳашт хол дар ҷои дуюм, дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 7 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

ҶОЙ  ДАСТАҲО Б      Ғ     М     Б     Т     Т     ФТ    Х     
1. «ХУҶАНД» (ХУҶАНД) 5      3     1 1 11 3 +8 10
2. «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) 4 2 2 0 4 1 +3 8
3. «ИСТАРАВШАН»  (ИСТАРАВШАН) 4 2 1 1 4 3 +1 7
4. «ДУШАНБЕ»  (ДУШАНБЕ) 4 2 0 2 7 9 -2 6
5. «КӮКТОШ» (РӮДАКИ) 4 2 0 2 4 8 -4 6
6. «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) 5 1 2 2 8 8 0 5
7. «РАВШАН» (КӮЛОБ) 5 1 2 2 4 6 -2 5
8. КМВА (ДУШАНБЕ) 5 1 1 3 5 8 -3 4
9. «ХАТЛОН»(БОХТАР) 4 0 3 1 3 4 -1 3
10. «ИСТИҚЛОЛ»  (ДУШАНБЕ) 0 0 0 0 0 0 0 0

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...

Related news