-3.5 C
Tajikistan
Monday, October 25, 2021

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2,  моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2, моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

29 апрели соли 2021, тахминан соати 11:00, як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рӯбарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Хоҷаи аъло»-и қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи дидбонгоҳи «Головной», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар назди сарбанди обтақсимкунии «Головной» ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.

Сипас, шахсони мазкур аз ягон масъала пурсон нашуда, бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон ба буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шуд, мубаддал гашт.

Барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо новобаста аз мақоми расмиашон аз силоҳи автоматикии оташфишон бо мақсади нест кардани ҷисмонӣ оташ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи мазкур Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳолии маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Ба кардаашон қаноат накарда, бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд.

Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи мазкур якчанд нафар кушта, даҳҳо нафар ярадор ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ, дигар иншоот ва объектҳои инфрасохтор сўзонида шуд. Ба шаҳрвандон ва давлат зиёни махсусан калони моддӣ расонида шуд.

Истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлоли сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

Аз ҷониби давлат фиристодани даста ё гурӯҳи мусаллаҳ, ки амалҳои истифодаи қувваҳои мусаллаҳро бар зидди давлати дигар иҷро менамоянд ва хусусияти ҷиддӣ доранд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

Айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтиш давом дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...

Related news