4.7 C
Tajikistan
Sunday, May 9, 2021

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»-ро ҷамъбаст намуд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид, ки дар номинаи математика ходими калони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ Сулаймон Қурбонов,  дар номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Исломҷон Ниматов,  дар номинаи физика ва астрономия аспиранти Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ Азмиддин Убайдов, дар номинаи ботаника, зоология, анатомия омӯзгори фанни биологияи Литсей барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон Меҳрубону Султонова ва  дар номинаи химия роҳбари маҳфили «Химия»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Амирҳамза Нозиров бо гирифтани холҳои бештар сазовори ҷойҳои якум ва роҳхат ба даври сеюми озмун гардиданд.

Дар озмун  11 нафар кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуданд.

Аъзои ҳакамон зикр намуданд, ки харчанд дар мамлакат соли аввал аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мешавад, таваҷҷуҳ ба он чун озмунҳои дигар бештар аст.

Озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола  бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-солҳои 2020-2040 ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав баргузор карда мешавад.

АКСВазорати маориф ва илми ҶТ

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...

Related news