-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

ВАРЗИШГАРОН ДАР ОЛИМПИАДАИ ТОКИО ҲАР РӮЗ АЗ ТАШХИС МЕГУЗАРАНД

Ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 тасдиқ карданд, ки ҳамаи варзишгарон дар доираи чораҳои зидди коронавирус, ки ҳангоми бозиҳо амал мекунанд, ҳар рӯз ташхис мешаванд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Кумитаи байналмилалии паралимпӣ (КБП) ва Кумитаи тадорукоти Токио-2020 нусхаи дуюми қоидаҳоро барои варзишгарон ва намояндагони расмӣ (“Playbook”) муаррифӣ карданд. Озмоиши ҳаррӯзаи оби даҳони варзишгарон ва ҳама шахсоне, ки бо онҳо иртиботи наздик доранд, хавфи ҳолатҳои мусбати номуайянро, ки метавонад вирусро интиқол диҳанд, кам мекунад, – изҳор намуданд ташкилкунандагони бозиҳо. Қоидаҳо дар нашри дуюм нисбат ба нусхаи якум, ки гуфта мешуд варзишгарон дар ҳар чор рӯз як маротиба ташхис мешаванд, сахттар аст. Нусхаи дуюми қоидаҳо дар ҳоле нашр шуд, ки шумораи сиротяёбӣ аз COVID-19 дар Ҷопон ва баъзе дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустон ва Бразил зиёд мешавад.

Токио аз ҷумлаи минтақаҳои Ҷопон аст, ки дар он то 11 май бинобар пешгирии сироятёбии коронавирус чораҳои фақулодда эълон карда шудааст. Ҳамаи иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ бояд пеш аз сафар ба Ҷопон дар муддати 96 соат ду маротиба аз ташхиси COVID-19 гузаранд. Ҳамчунин, шахсони расмӣ, мураббиён ва намояндагони расонаҳои хабарӣ пас аз ворид шудан ба кишвари мизбон се рӯзи аввал ҳар рӯз озмоиш месупоранд.

Варзишгароне, ки натиҷаи ташхисашон мусбат бошад, ба бозиҳо роҳ дода намешаванд. Ин нукта дар нусхаи моҳи февралии китоби бозиҳо зикр шуда буд ва бори дигар таъкид гардидааст, ки риоя накардани қоидаҳо боиси маҳрум шудан аз аккредитатсия мешавад. Иштирокчиёне, ки варзишгар нестанд, бояд се рӯзи аввали пас аз ҷобаҷо шудан дар ҷои истиқоматашон ба карантин фаро гирфита шаванд.

Варзишгарони олимпӣ ва паралимпӣ ҳангоми бозиҳо дар ҳоле тамрин карда метавонанд, ки натиҷаи ташхиси COVID-19-ашон манфӣ бошад ё зери назорати ҷиддии Кумитаи тадорукоти бозиҳо қарор дошта бошанд. Тадбирҳои дигар низ дар сенарияҳои такмилёфта пешниҳод шудаанд, аз ҷумла коҳиши тамос дар масофаи як метр бо иштирокчиёни Бозиҳо, ки аллакай дар Ҷопон зиёда аз 14 рӯз буданд.

Ташкилотчиён, ҳамчунин чӣ тавр муайян кардани тамоси наздикро пешниҳод кардаанд. Ҳар касе, ки бе пӯшидани ниқоб бо нафари гирифтори корнавирус тамоси беш аз 15 дақиқа дошт, “тамоси наздик” ҳисобида мешавад.

Варзишгароне, ки бо шахси гирифтори коронавирус тамос доштанд, ба бозиҳо дар ҳоле роҳ дода мешаванд, ки натиҷаи ташхисашон манфӣ барояд. Ҳамаи иштирокчиёни бозиҳо, пеш аз сафар ба Ҷопон, ҳамроҳ бо маълумотномаи натиҷаи манфии коронавирус, бояд ба таври хаттӣ тасдиқ кунанд, ки ҳамаи чораҳо ва қоидаҳои “китоби бозӣ”-ро риоя мекунанд.

Дар нусхаи нав маълумоти иловагӣ оид ба “масъули алоқа бо COVID-19” ҷой дода шудааст, ки аз ҷониби кумитаҳои миллии олимпӣ таъин мегардад. Онҳо оид ба пур кардани нақшаи фаъолият дар 14 рӯзи аввали дар Ҷопон буданашон аз ҷониби иштирокчиён масъулият доранд, ҳамчунин дар ҳолати натиҷаи мусбати ташхиси COVID-19 ё пайдо шудани симптомҳо дар варзишгарони кишвараш шахси масъул аст. Ҳамаи варзишгарон ҳангоми расидан ба Деҳаи олимпӣ смартфони истеҳсоли “Samsung”-ро дарёфт мекунанд, ки интизор меравад дар он замимаи махсус насб карда шудааст ва варзишгарон оид ба вазъи саломатиашон ҳар рӯз ҳисобот медиҳанд.

“Мо бовар дорем, ки риояи ин қоидаҳо бехатарии варзишгарон ва намояндагони расмиро ҳангоми бозиҳо дар Ҷопон таъмин менамояд”, – омадааст дар изҳорот. Чораҳои дигар ва охирин ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус ҳангоми Бозиҳои олимпӣ дар нусхаи ҷамъбастии китоби бозиҳо моҳи июн нашр хоҳад шуд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news