3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Имрӯз бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад

 Имрӯз ва  пагоҳ дар варзишгоҳҳои мамлакат  бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои  Лигаи олӣ баргузор мешаванд. 

24-25 апрел    бозиҳои даври  чоруми Чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои  Лигаи олӣ баргузор  шуданд, ки дар як  бозии даври мазкур  дастаи  футболи  «Равшан»-и  шаҳри  Кӯлоб дар майдони худ бар  дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Далер Шомуродов аз пеналтӣ ба нишон расонид.

Дар  бозии дигари  ҳамин давр Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) пас аз се бохти пайиҳам дар мавсим бар  дастаи футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи  артиш голҳоро Суҳроб Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро худи душанбегиҳо вориди дарвозаашон карданд.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бидуни гол (0:0) хотима ёфт. Ниҳоят дар бозии   охири даври  чорум дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ    дастаи нави Лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро  бо ҳисоби  2:1 мағлуб намуд. Меҳмонон тавассути голи задаи Акобир Тураев дар дақиқаи 38-ум ҳисобро кушоданд. Вале зарбаҳои нишонраси Азизбек Султонов ва Муҳсинҷон Абдуғаффоров ғалабаи дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро дар ин бозӣ ҷолиб таъмин кард.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 5-ум

30 апрел (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Хуҷанд» – «Куктош»

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

Ёварони довар: Рустамбек Хуҷаев (Конибодом), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).

Довари захиравӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Умед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ораз Ализода (Душанбе).

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд

«Хатлон» – КМВА

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Ёварони довар: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рузибоев (ҳарду – Шаҳринав).

Довари захиравӣ: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Нозири доварон: Диловаршох Орзуев (Гиссар).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

Варзишгоҳи «Пахтакор». Бохтар

1 май (шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Эсхата» – «Истаравшан»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварони довар: Акмал Буриев (Турсунзола), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари захиравӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

Варзишгоҳи «Пахтакор». Хуҷанд

«Душанбе» – «Равшан»

Сардовар: Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварони довар: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳарду – Норак).

Довари захиравӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Ориф Ҷураев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Чемпионати  Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Файзканд» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Абдухалил Боронов, 15 (1:0). Абдухалил Боронов, 26 (2:0). Абдухалил Боронов, 33 (3:0). Муҳсин Абдуғаффоров, 60 (3:1).

Беҳтарин бозингари бозӣ: Абдухалил Боронов («Файзканд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Хуҷанд» – КМВА «Помир»  – 2:0

Голҳо: Фирдавс Чақалов, 27 (1:0). Ҳоҷибой Зиёев, 71 (2:0).

Беҳтарин бозингари сабқат: Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

17-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2800 тамошобин.

«Душанбе» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.

Беҳтарин бозингари дидор: Люк Менҷана Леонел («Душанбе»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

17-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

«Эсхата» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Абдусамад Самадов, 60 (1:0). Амирҷони Фаррухзод, 77 (1:1).

Беҳтарин бозингари рақобат: Муъминҷон Гадойбоев («Эсхата»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

18-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 2700 тамошобин.

Чемпионати  Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври   4-ум

24-уми апрел (шанбе)

КМВА «Помир»  – «Душанбе»-3:1

«Истаравшан» – «Файзканд»-0:0

25-уми апрел (якшанбе)

 «Равшан» – «Хуҷанд»-1:0

«Кӯктош» – «Эсхат-2:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

ҶОЙ  ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т Т ФТ Х
1  ФАЙЗКАНД (ВОСЕЪ)  4  2  2  0  4  1  +3  8
2  ХУҶАНД (ХУҶАНД)  4  2  1  1  7  3  +4  7
3  КӮКТОШ (РӮДАКӢ)  3  2  0  1  4  4  0  6
4  ЭСХАТА (ХУҶАНД)  4  1  2  1  6  5  +1  5
5  РАВШАН (КӮЛОБ)  4  1  2  1  2  2  0  5
6  ИСТАРАВШАН (ИСТАРАВШАН)  3  1  1  1  1  1  0  4
7  КМВА (ДУШАНБЕ)  4  1  0  3  4  7  -3  3
8  ДУШАНБЕ (ДУШАНБЕ)  3  1  0  2  3  7  -4  3
9  ХАТЛОН (БОХТАР)  3  0  2  1  2  3  -1  2
10  ИСТИҚЛОЛ (ДУШАНБЕ)  0  0  0  0  0  0  0  0

Манбаъ: АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон

АКС аз ФФТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news