3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Дар Форуми минтақавии соҳибкорон дар Хуҷанд рушди соҳибкории инноватсионӣ матраҳ гардид

Беш аз 150 нафар  намояндагони ширкату корхонаҳои инноватсионии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд дар  Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки  таҳти унвони «Рушди соҳибкории инноватсионӣ» дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд доир гардид, иштирок намуданд.

Форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд ташкил карда шуда, ҳадафаш тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти инноватсионӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муарифии имконияти шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ  мебошад.

Кори Форуми минтақавӣ дар чор гурӯҳ -«Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар  шароити беҳтар шудани инфрасохтор: алоқа ва коммуникатсияи технологӣ», «Паркҳои технологӣ ҳамчун асоси рушди истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ», «Имконияти васеи истифодаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди инфрасохтори замонавӣ дар Тоҷикистон» ва «Старт-ап»-ҳо («Start-up») ҳамчун роҳи нави рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон» идома ёфт.

Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони минтақаҳои гуногуни кишвар дар сиғаи «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд. Дар доираи форум соҳибкорон ва меҳмонон ба корхонаҳои «ММК Агро», «Крутони», «Сайҳун», «Ҳаловат», «Субҳи зарин», «Ариана азия металл», «Арча» ва «Амид»-и вилояти Суғд рафта, бо раванди истеҳсолӣ шинос гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ .

Аксҳо аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news