8.8 C
Tajikistan
Thursday, July 29, 2021

Паҳлавонони маъруфи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Kazan Grand Slam 2021» иштирок мекунанд

5-7 май дар шаҳри Қазони Россия Мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба дзюдо «Kazan Grand Slam 2021» баргузор  мегардад. Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ варзишгари шинохтаи  тоҷик  Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Инчунин дар мусобиқаи «Kazan Grand Slam 2021» иштироки 459 нафар варзишгарон (279 мард ва 180 зан) аз 90 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дуюм 700 имтиёз ва барои ҷойҳои сеюм 500 имтиёз дода мешавад.

«Kazan Grand Slam 2021»  охирин мусобиқаи Grand Slam пеш аз бозиҳои Олимпии Токио-2021 мебошад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Kazan Grand Slam 2021»  чунин аст:

  1. Шаҳбоз Саидаброров -60кг
  2. Абумуслим Қаюмзода -60кг
  3. Баҳром Сӯфиев -66кг
  4. Алиҷон Сафаралиев -66кг
  5. Сомон Маҳмадбеков -73кг
  6. Акмал Муродов -81кг
  7. Комроншоҳи Устопириён -90кг

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news