8.2 C
Tajikistan
Sunday, May 9, 2021

МУЖДАИ УМЕДВОРКУНАНДА. Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъ дар марзро баррасӣ намуданд

Чанд дақиқа қабл Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъ дар марзро тавассути телефон баррасӣ намуданд.

30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои ахири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аҳаммияти хассаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида   равона шуданд, таъкид гардид.

Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи 1-уми май ҷаласаи Ҳайатҳои ҳукуматии ҷонибҳоро оид ба  делимитсия ва демаркатсия дар шаҳри Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва  Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.

Роҳбари давлати мо аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват ба амал оварданд.

Даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуд.

Муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои суҳбат ҷонибҳо бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас тибқи тамоми ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутаносибан судманд  ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ доданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...

Related news