-3.5 C
Tajikistan
Monday, October 25, 2021

Мақомоти Тоҷикистон ва Чин таъмини интиқоли бемамониати борро тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма-Қаросу» баррасӣ намуданд

Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории механизми муштарак миёни мақомоти марбутаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар робита ба  таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу», инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад ба таври маҷозӣ доир гардид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ҳайати Тоҷикистонро Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва ҷониби Чинро муовини Раиси ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур – Чжао Тсунтсю роҳбарӣ намуда,  намояндагони вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок доштанд.

Ҷонибҳо ҷараёни иҷрои мувофиқаҳои ҷаласаи қаблии Гурӯҳи кориро, ки моҳи март доир гардида буд, инчунин фаъолияти кунунии гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу» ва истифодаи мақсадноки вақти корӣ дар гузаргоҳ, риояи ҳатмии пешгирӣ ва назорати эпидемия, таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути ин гузаргоҳ, истифодаи контейнерҳои ба талабот ва стандартҳо ҷавобгӯ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд аз рӯи нақшаи  якҷоя, истифодаи ядак ва нимядак дар қатори контейнерҳо, зиёд намудани иқтидори гузариш тавассути гузаргоҳи «Кулма – Қаросу»   ва дигар масъалаҳои ҳалталабро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷа  ҷонибҳо ба мувофиқа  расиданд, ки барои таъмини ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи марзии «Кулма – Қаросу», интиқоли саривақтии молҳои мавриди ниёзи мардум ва ба иншооти стратегӣ нигаронидашуда дар ҳамбастагӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ  намоянд.

Дар ин замина, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва дар қатори контейнерҳо истифодаи ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Чин пазируфта шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

АКС аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...

Related news