8.8 C
Tajikistan
Thursday, July 29, 2021

Воқеиятро набояд нодида гирифт…

Ҳамаи нафароне, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ чашмандозе доранд, барояшон возеҳу равшан аст, ки таблиғоти густурдае, алайҳи давлати Тоҷикистон ва шахсиятҳои сиёсии он роҳандозӣ гашта ва ин раванд тақвият меёбад.

         Агар аз нигоҳи сиёсӣ таҳлиле ба навиштаву наворҳои “мубаллиғон” назар кунем, ба ин хулоса мерасем, ки як гурӯҳи сарсарсону бемасъулият ва шояд фиребхӯрда, ки дигар ҷуз ҳарфҳои  бофтаву бедалел ва аслан дурӯғ паҳн кардан, дигар ҳеҷ коре наметавонанд, ки бикунанд, машғули чунин таблиғот ҳастанд.

         Аммо аҳли назар, коршиносону таҳлилгарон нақша ва ҳадафҳои давлату ҳукумати Тоҷикистонро ба хубӣ медонанд.

         Чун корҳое, ки дар зарфи 20 соли ахир анҷом дода шудааст, ҳатто дар даврони империяи Шӯравӣ, ки 70 сол побарҷо буд, пиёда карда нашуда буд. Пас чаро имрӯз нотавонбинон ин ҳама дастовардҳоро, ки дар Ватанашон, онҷое, ки зодгоҳашон ҳаст, нодида мегиранд?

         Дар як кишваре, ки аз ҳама бадтарин даргирӣ, ҷанги шахрвандиро паси кард ва садҳоҳазор овораву муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид ва ҳоло дар амну осоиши комил шахрвандонаш зиндагӣ мекунанд, мешавад нодида гирифту аз берун алайҳи Ватани хеш сангпартоӣ кард.

         Бехтарин неъмат сулҳро мо дорем, ки дар ҷаҳони имрӯз аз муҳимтарин дастоварди як кишвар ба ҳисоб меравад. Нақшаву ниятҳо ва лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

         Ҳукумат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ се ҳадафи стратегии худро амалӣ кард ва стратегияи навбати саноаткунонии босуръатро роҳандозӣ намуда истодааст. Расидан ба он дур нест.

         Саркардагон ё роҳбарони гурӯҳҳое, ки худро мухолифи давлат мегӯянд, хуб медонанд ва иттилоъ ҳам доранд, ки бо назардошти воқеот ва руйдодҳои сиёсии солҳои ахир, ҳам дар минтака ва ҳам ҷаҳон чигуна як кишвар, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфт ва ба мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашта буд, имкон дорад, ки мушкилоти худро бартараф кунад.

         Аммо Ҳукумати Тоҷикистон новобаста ба ин, бо талоши қавӣ ва дастгирии мардуми ғаюри кишвар тавонистаанд, ки натанҳо мушкилоти иқтисодиро бартараф намоянд, балки ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ низ муваффақ гарданд.

         Аз ин рӯй набояд, ки воқеятро нодида гирифт ва бо таблиғоти ғалат мардумро гумроҳ сохт, ҳарчанд ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷгоҳ намехоҳанд, ки оромии комили ватанашонро аз даст диҳанд.

         Мардум ҳамеша талош хоҳанд кард, ки дигар ба доми тазвири гурӯњњои манфиатхоҳ наафтанд ва ин марзу бумро бо ҷонашон ҳимоят мекунанд.

                                                                 Аҳлиддини Тоҳир. журналист

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news