4.7 C
Tajikistan
Sunday, May 9, 2021

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъи минтақаҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуданд

29 апрели 2021 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Вазирони корҳои хориҷӣ вазъияти душвореро, ки 28-29 апрели 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд омад, муфассал баррасӣ карданд.

Роҳбари мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки густариши муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек мепайванданд, самти авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад.

С.Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки аз тириқи музокирот роҳҳои ҳалли қобили қабули мутақобил ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии худро ҷустуҷӯ кунад ва масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал кунад. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз заминҳое, ки аслан ва қонунан ба он тааллуқ доранд, даст нахоҳад кашид.

Дар суҳбат вазирон бар аҳаммияти ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъкид карда, ғайри қобили қабул будани кӯшишҳои иғвоангезии тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси бештар шиддатёфтани вазъият мегарданд, қайд карданд.

Вазирон таъкид карданд, ки адами эътимод дар минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои навро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла талафот дар байни аҳолии ғайринизомии ду давлати ҳамсояро ба бор орад.

Вазирони корҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ бояд иродаи қавии сиёсӣ зоҳир гардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...

Related news