-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Амнияти идеологии ҷомеа шарти муҳими пойдории субот ва тараққиёти кишвар

Коршиносон идеологияро ба маънои ғоя, назария, дидгоҳ ва ҷаҳонбинӣ шарҳ медиҳанд. Аз ҳамин нуқтаи назар метавон гуфт, ки ҳар фард аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дорои идеологияи  махсуси худ буда, нисбат ба муҳит ва падидаҳои дар ҷомеа пайдо гардида, назари мушаххаси хешро доранд.

Идея ва ё тафаккури ҳар фард вобаста ба муҳити фарогираш ташаккул ёфта, ҷаҳонбиниаш рушд мекунад. Дар шароити кунунии рушди равандҳои сиёсиву иттилоотӣ ва бархурди фарҳангҳо таъсирпазирии ҷомеаҳо аз нигоҳи идеологӣ ба як зуҳуроти нави манфӣ мубаддал гардидааст.

Ин ҳолат бошад ба ҷомеаҳо ва кишварҳои сохти демокртатӣ бештар таъсиррасон мебошад.

Асри ҷадид ба унвони асри иттилоот заминаи бештарро дар вусъатёбӣ ва бархурди идеологӣ ба миён овардааст, ки ин ҳолатро дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш мо мушоҳида намудан дорем. Таблиғ гардидани урфу одат ва фарҳанги кишварҳои алоҳида тариқи шабакаҳои моҳворавӣ, таҳмили ақидаву афкори бегона бо истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет ва дигар васоити иттилоотӣ амнияти идеологии кишварҳоро бештар халалдор менамояд.

Зеро ин раванд боиси дур гардидани ҷомеаи камсавод аз фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллӣ ва руй овардани онҳо ба фарҳангу забон ва арзишҳои бегона мегардад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар садсолаи охир маҳз дар натиљаи инкишофи равандҳои идеологӣ ва љангҳои иттилоотӣ кишварҳои зиёд ҳастии хешро аз даст додаанд. Имрўз шабакаи љаҳонии интернет ба як дастгоҳи ҷудратӣ табдил ёфтааст, ки нафарони алоҳида, гуруҳҳои сиёсӣ ва кишварҳои манфиатхоҳ аҷидаҳои муѓризонаи худро тариҷи он болои љомеаҳо ҳавола месозанд. Афроди камогоҳ ва аз љиҳати сиёсӣ камсавод бидуни таҳлил ва санљиши ҳар навъ иттилоъ ба он эътимод менамоянду дода мешаванд ин боиси  мегардад то онҳо оҳиста-оҳиста аз идораи идеологиии хеш берун гарданд. Таљриба нишон медиҳад, ки мардуми кишвари мо низ аз чунин осебпазирӣ дар амон нест. Эътимод намудани аҳолии Кишвар ба ҳар гунна иттилооти беасос ки тариҷи ашхоси алоҳида ва сомонаҳои номуътамад омодаву паҳн карда мешавад далели равшан ба ин гуфтаҳост. Ё худ паайдо намудани робита миёни љавонони зиёди ватан бо гуруҳҳои тундраву манфиатхоҳ ва дода шуданашон ба идеологияи ифротӣ низ маҳз гувоҳи аз таъсирпазирии љомеаи мо аз равандҳои имрўзаи иттилоотӣ ва идеологӣ маҳсуб мешавад.

Акнун сухан сари он меравад, ки таъсиирасони ба идеология, тамоюлҳои идеологӣ аз ҷониби кӣ, бо кадом мақсад рӯйи кор меоянд ва чӣ гуна  амалӣ карда мешаванд?

Инсоният аз замоне ки худро шинохт ва тафаккураш то ҷое рушд кард, аз ҷониби нафаре ва ё гурӯҳе бо мақсади муайян мавриди идора қарор мегирифт. Бо гузашти солҳову асрҳо усул ва тарзи идоранамоии ҷомеа тағйир ёфт. Таъсиррасонӣ ба идеология ё худ ҷаҳонбинӣ ва ақидаву афкори мардум маҳз бо мақсади зери идораи хеш қарор додани онҳо амалӣ карда мешавад. Ин раванд дар шароити имрўза характери фаромиллӣ ва фаромарзӣ касб намуда, аз ҷониби субектҳои алоҳида бо ҳадафу мақсадҳои муайян сурат мегирад.     

Руйдодҳои чанд соли охир дар кишварҳои Шарқи наздик ва Миёна, Афғонистону Покистон нишон медиҳад, ки вақтҳои охир раванди ифротинамоии идеология аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва кишварҳои манфиатҷӯй ба як усули меҳварӣ баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоияшон гардидааст. Дар ин роҳ истифода аз дин ба як субекти махсус мубаддал гардидааст. Яъне, гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз идеология ва боварии динии мардум онҳоро шомили гурӯҳҳое месозанд, ки чизе дар пеши онҳо арзиш надорад ва торуморгари зиндагии осоиштаи мардум ҳастанд. Дар чунин ҳолат бояд гуфт на дин ва идеолгияи динӣ бахоса дини мубини Ислом, балки сиёсӣ намудани аҳкоми он ба сифати субекти идоранамоӣ хизмат менамояд. Тавлиднамоии гурӯҳу равияҳои зиёди динӣ аз ҷониби кишварҳои абарқудрат низ маҳз бо ҳамин мақсад роҳандозӣ карда мешавад. Инҷо месазад аз сиёсати дурандешонаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ёдовар шуд, ки роҳи дунявиятро дар сохти давлатдорӣ пеш гирифтааст, яъне динро аз давлат ҷудо ва таъсирнопазир ба корҳои давлат намудааст. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрмазҳабӣ ва бисёрравиягиро дар ҳудуди мамлакат қатъиян маҳкум намудааст, ки ин иқдом осеббпазирии идеологии ҷомеаро то ҷое  пешгирӣ менамояд.

Идеология ва гумроҳиҳо-Тамоми идеяҳое ки дар роҳи таъсиррасонӣ ба идеологияи миллӣ ва динии мардум роҳандозӣ мешавад бо истифода аз пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сурат мегирад. Зеро маҳз бо василаи мазкур имкони бештари ба даст овардани боварии мардум ва амалисозии ҳадафҳои сиёсӣ вуҷуд дорад. Тавре хонандаи азиз болотар қайд намудем  мақсади асосии субектони офарандаи идея ё худ идеология ба он равона гардидааст, ки ақлу ҳуши мардумро ба даст гиранд, бо мақсаде ба даст гиранд, ки итоаташон намоянд ва дар натиҷаи итоат намудан зери идораашон қарор мегиранд. Чаро зери идораи худ қарор диҳанд? Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ. 

Аз нигоҳи геопалитикӣ низ кишварҳои манфиатхоҳ қабл аз руи кор овардани ҳар идеяву василаи таъсиррасонӣ ба ақидаву тафаккури   мардуми кишварҳо ҷомаеи онро аз нигоҳи равонӣ ва сиёсӣ хуб омӯхта, сипас дар чаҳорчуби хоҳишоти идеологии онҳо ҳадафҳои ғаразноки хешро амалӣ менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳар қадаре, ки мардум каммаърифат ва содда бошад, таъсиррасонӣ ба ақидаву тафаккури онҳо ҳамон қадр осон даст медиҳад. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳо ва кишварҳои манфиатҷӯй дар асоси стратегия садсолаҳо нақшакаши менамоянд то битавонанд ба тафаккуру идеалогияи сиёсии як ҷоме таъсир расонанд, ки воқеияти инро дар дунёи пуртаззоди мутамаддин мо имрӯзҳо мебинем. Баъзан як хабари носанҷидаву бепоя ва таҳмилшуда аз ҷониби афроду гуруҳҳои нотавонбин боиси аз байн рафтани субботу оромӣ дар кишваре мегардад. Ҳамзамон ашхоси сиёсие дар ҷомеаҳо вуҷуд доранд, ки бо маблағгузорӣ аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ миёни ҷомеа худро ватанпарасти дуруғин нишон дода, тариқи шиорҳои аввомфиребона мекушад ба тафаккури мардум таъсир расонад ва онҳоро ба роҳи гумроҳи барад. Воқеист ки ҳар идеяи сохтаро метавон маҳз тавассути идея безарар намуд на бо чизи дигар.

Ҳукумати Тоҷикистон муҳимияти ин масъалаҳоро ба инобат гирифта, кӯшиш дорад бо роҳи бедорнамоии эҳсоси мардум нисбат ба манфиатҳои миллӣ, боло гузоштани онҳо аз ҳар манфиати дигар дар пешгирӣ аз ру овардани мардум ба идеологияи бегона ва амнияти ҷомеа саҳм гузорад. Ҳамзамон дар чунин шароит дастгоҳҳои идеологии давлат ва Ҳукумати кишвар аз қабили телевизиону радиоҳои давлатӣ ва ҳафтаномаҳо фаъолияти густурда ба роҳ монда, мекӯшанд бо роҳи ҷалби ҷомеа ба фарҳангу адабиёти оламшумул, бедории ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ дар замири онҳо арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти давлати соҳибистиқлол саҳми хешро дар пешгири аз осебпазирии идеологии ҷомеа гузоранд. Аммо дар ин баробар тамоюлҳои идеологӣ рӯз аз рӯз вусъат мегиранд аз ин хотир моро мебояд дар чунин шароит аз роҳу василаҳои беҳтар кор гирем.

 Тамоюлҳои идеологӣШиддат гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ ва равандҳои иддеологӣ давоми мантиқии тамоюлҳои идеологӣ дар олами пуртаззоди муосир маҳсуб мешавад, ки аксар вақт ба оқибатҳои фоҷиабор оварда мерасонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки он кишваре дар чунин муборизаҳо мағлуб мегардад завол меёбад. Ин раванд махсусан ба кишварҳое бештар таъсир мерасонад, ки ҳанӯз устувории Истиқлолият ва суботи хешро таъмин накардаанд ва шаҳрвандони он низ хеле кам аз донишҳои сиёсӣ ва зирракии сиёсӣ воқифанд. Дар ин маврид доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Саймумин Ятимов дар китоби худ «Идеология ва манфиатҳои миллӣ» овардааст:

    «Дар идеология муҳим нест, ки кӣ мегӯяд, хислатҳои шахсӣ, унвон, сатҳи маълумотнокӣ, гузашта ва имрӯзаи ӯ чӣ гуна аст, муҳим он аст чӣ мегуяд ва манфиатҳои киро ҳифз мекунад. Ниҳоят, амалияи ин идеология ба кадом натиҷаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад?»

Яъне неруҳои бузург ҳамеша бо истифода аз соддагии ҷаҳонбинӣ ва содалавҳии сиёсии ҷомеаҳо истифода намуда, онҳоро барои амали сохтани мақсадҳои муғризонаи худ истифода менамоянд. Вале мутаасифона онҳое ки дар саргаҳи чунин амалҳо қарор доранд ба қавле ҳамеша аз об соф мебароянд. Ба гуфти Наполеон Бонапарт «Баталионҳои бузург ҳамеша ҳақанд».

Акнун сари он метавон тамаркуз кард, ки дар шароити имрӯза бо кадом роҳ метавон осебпазирии ҷомеа ва амнияти миллату давлатро ҳифз кард? Аксари коршиносони масоили сиёсӣ дар ин росто андешаи солим ва ҷаҳонбинии солим доштани мардумро шарти муҳим медонанд. Яъне танҳо бо роҳи омӯзиши илм ва ташаккул додани зирракиву ҷаҳонбинии сиёсӣ дар ниҳоди насли имрӯзу фардои ҷомеа имрӯз метавон амнияти миллату давлатро аз нигоҳи идеологӣ таъмин кард. Барои ноил гардидан ба ин мақсад коршиносони соҳа нақши зиёиёни мамлакат, институтҳои сиёсӣ ва дастгоҳҳои идеологии давлатро муҳим медонанд. Олимону зиёиён дар ҳоли ҳозир бояд ба сифати равшангарон ва рушноидиҳандагони олами маънавии мардум хизмат намоянд. Тариқи офаридани асарҳои дорои идеали миллӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳисӣ ифтихор, худшиносӣ ва зирракии сиёсиро дар ниҳоди насли гуногунсоли ҷоме  бедор созанд. Албатта адибони гузаштаи миллати тоҷик ин рисолат ва масъулиятро тавонистанд анҷом диҳанд ва то замони мо мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмиву фарҳангӣ аз қабили забони ноби тоҷикиро боқи гузоштанд. Хулоса, то замоне ки ҷаҳон боқист зиддиятҳои идеологӣ вуҷуд доранд, аз ин ру танҳо андешаи солим дар шароити имрӯзи ташаккулёбии равандҳои иттилоотиву идеологӣ ва баҳамойии фарҳангҳо метавонад ҷомеаи моро аз осебпазири ҳифз намояд. Дар ин росто равшанфикрон, олимону зиёиёни кишвар метавонанд ба сифати субекти пешбарандагони ҷомеа хизмат намоянд. Бо бедор сохтани идеологияи миллӣ дар ниҳоди мардум онҳоро аз таъсирпазирии идеологӣ ҳифз намоянд ва бо ин васила, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи воқеӣ гузоранд.

                                                         Муҳаммади Нурулло-  журналист

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...