16.9 C
Tajikistan
Tuesday, June 28, 2022

«Истиқлол» дар бозии даври панҷум бо дастаи ««Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» рақобат мекунад

Имрӯз чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар муқобили дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА вориди майдон мешавад. Сабқати  дастаҳо соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  дар даври чоруми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дастаи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб карда буд. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бозиро бо ҳисоби 0:1 мебохт, вале футболбозон тавонистанд ташаббус ба даст гиранд ва ғолиб шаванд. Голҳои  Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  се хол овард. Чемпиони Тоҷикистон пас аз ин пирӯзӣ бо 7 хол ба садри ҷадвали гурӯҳи  «А» баромад.  Дастаи футболи  «Ал-Ҳилол»-и  Арабистони Саудӣ, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст. Дар бозии дигари гурӯҳи  «А»  дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 4-ум давр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷураев, 90+2), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов (Рёта Нома, 79), Рустам Соиров (Ваҳдат Ханонов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.
«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

Аз ин пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе дар бозии  дуюмаш бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби  3:2 ғалаба карда, пирӯзии аввалин ва таърихиашро дар Лигаи чемпионҳои Осиё ҷашн гирифт. Голҳоро аз  ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро легионери сербиягии дастаи АГМК Йован Ҷокич ба дарвозаи дастааш зад.

Қаблан дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ карда буд. Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи «А» дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

 «Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

 Б  Ғ  М    Б    Т-Т    Х 
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон)  4  2  1  1  8-6  7
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)    4  2  1  1  8-7  7
3 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА)  4  1  1  2  4-5  4
4 АГМК (Узбекистон)  4  1  1  2  7-9  4

Latest news

ТАВАҶҶУҲ! Дар Тоҷикистон ҳавои боронии 17-21 июн метавонад хатари омадани селро зиёд кунад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 17 то 21 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ,  ба истиснои...

Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид

 Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшанд. Дар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳо, ки дирӯз,17 июн дар Ереван баргузор гардид, изҳор шуд карда шуд. Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок дошт. Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор...

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Фестивали 10-уми байналмиллалии фарҳангӣ дар шаҳри Боку муаррифӣ шуд

17 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку дар Фестивали 10-уми байналмилалӣ оид ба рӯнамоии таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар...

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшад

Масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо...

Related news