8.2 C
Tajikistan
Sunday, May 9, 2021

Шаби гузашта таркиши шадид Кобулро такон дод

Як манбаи амниятӣ ба TOLOnews гуфт, ки таркиш дар натиҷаи ҳамлаи маргталаб бо истифодаи мошин — бомба ба неруҳои амнияти миллӣ рух додааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки садои он ба ҳадде баланд буд, ки онро дар бисёре аз нуқоти шаҳри Кобули Афғонистон шунидан мумкин буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com. ва рӯзномаи «8 Субҳ».

Манбаъ афзудааст, ки корвони мошинҳои амнияти миллӣ ҳангоми ворид шудан ба як шӯъбаи Раёсати амнияти миллӣ дар чорроҳаи «Шаҳид»-и шаҳри Кобул-пойтахти Афғонистон ҳадафи ҳамлаи маргталаб бо истифодаи мошин — бомба қарор гирифт.

Дар асоси хабари манбаъ, таркиш ҳатман талафот ва хисорот ба бор овардааст, аммо  теъдоди дақиқ он маълум нест.

Дар иртибот ба ин ҳодиса рӯзномаи «8 Субҳ» бо истинод ба маълумоти Вазорати умури дохилӣ навиштааст, ки таркиши шадид соати 21:50 дақиқаи шаби сешанбе (20 апрел) дар чорроҳаи «Шаҳид» -и шаҳри Кобул рух дод.

Ҳамид Равшан, муовини сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиш панҷ нафар, аз ҷумла низомиён ва шаҳрвандон маҷрӯҳ шуданд, инчунин ба мошинҳо, фурӯшгоҳҳо ва хонаҳои маскунии атрофи маҳали ҳодиса зарари калони молӣ расонда шудааст.

Касе ё гурӯҳе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст.

Latest news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...

Related news