8.8 C
Tajikistan
Thursday, July 29, 2021

Мавқеи паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар раддабандии нави IJF муайян гардид

Федератсияи ҷаҳонии дзюдо  раддабандии нави варзишгарони  ҷаҳонро нашр кард, ки Сомон Маҳмадбеков дар садри рӯйхати дзюдочиёни Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин Сомон Маҳмадбеков бо 3580 имтиёз дар раддабанди олимпӣ дар мақоми 15-уми бистгонаи имтиёздорони вазни -73 кг қарор гирифтааст. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо,  паҳлавононе, ки дар сабқатҳои ҷаҳонӣ имтиёзи олимпӣ ба даст овардаанду дар бистгонаи ҳар вазн қарор гирифтаанд, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло танҳо ду паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён дар бистгонаи вазнҳои худ қарор гирифтаанд.

Комроншоҳ Устопириён бо 2784 имтиёз дар мақоми 20-уми бистгонаи вазни -90 кг қарор дорад. Паҳлавони гаронвазни тоҷик — Темур Раҳимов бо касби 3009 имтиёз як зина болотар аз бистгона- дар мақоми 21-ум қарор дорад.

Дар раддабандии олимпӣ мақоми варзишгарони дигари тоҷик чунин аст: Беҳрӯз Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои 25-ум, Акмал Муродов бо 1024 имтиёз дар мақоми 51-ум, Шакармамад Мирмамадов бо 892 имтиёз дар мақоми 51-ум ва Шаҳбоз Саидаброров бо 876 имтиёз дар ҷои 57-ум қарор доранд.

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news