8.8 C
Tajikistan
Thursday, July 29, 2021

Барзагове аз хам хами Файзобод-1

                     

      

Пурнолаву пурфарёд шаб хам-хами Файзобод,

Ашки шаби маҳтобӣ дар шабнами Файзобод.

Ку лолаи хандонаш, ку нағмаи мурғонаш?

Дар пуштаҳо менолад кавки рами Файзобод.

…. Ин порчае аз сурудаҳои мондагори ситораи тобони ҳунар, марҳум Нигина Раупова аст, ки солҳост дар хотираҳо аз як мулки зебову хушном, рангинтабиату  хеле афсонавӣ, Файзободи файзрез ҷилва медиҳад.

         Бо шунидани ин суруд кас беихтиёр худро дар водиву доманкўҳҳои лоларези Файзобод  тасаввур мекунаду, ҳатман пеши назар чеҳраҳои мондагору некноми ин мазраи ватан ҳувайдо мешавад.

         Аммо, аз ин миён фарде, ки аз кўчабоғи инсонӣ, имонӣ ва виҷдонӣ бӯе набурдаву, чун “рифола” истифодашудаи хоҷагони хориҷӣ бо ҳариси молу мансаб номи неку шуҳрати диёрро доғдор кардааст.

         Чун барзагове аз хам хами Файзобод, қасамшикастае аз Қасамдара, ки ҳеҷ гоҳ таҳаммули суботу оромӣ, пешрафту шукуфоии кишварро надошт, имрўз ба таъбири Додоҷон Атовуллоев аз “чарогоҳе” истода, масту мағрур ва шефтаву шайдои афсонаҳои “мозандарон” ба сӯйи ин пешрафтҳо санг меандозад, Кабирӣ роҳбари ТТЭ Наҳзати ислом мебошад.

         Барзагове аз хам-хами Файзобод, ин таънаву тавҳин ва ё масхараву таҳқири мардуми фарзонаи Файзобод нест, аммо “сифотест”, ки ба Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ТТЭ Ҳизби Наҳзати ислом рост меояд ва маҳз ба ў дахл дорад.

         Зеро, ин нафар ба ҷойи он, ки аз пуштаву пайраҳаҳои Файзобод дарси инсониву виҷдонӣ ва ватандӯсттиро омӯзад, аммо ӯ аз хам хами ин мазра, нафрат ба халқу диёр, ватан, сулҳу субот ва тиҷорати сиёҳ- меҳанфуруширо дарёфту барои ҳамеша хулқу одат кард.

         Чанде қабл дар сомонаи амрикоии “Радиои Озодӣ” ба истилоҳ дебати журналист Додоҷон Атовуллоев ва раиси ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар ҷомеа сару садо ва гуфтаниҳои бештарро ба бор овард.

Хеле аз соҳибназарон чеҳраи манфури домуллои “беҷилак”-ро диданд ва мусоҳибаи қаблан бо хоҷагон мувофиқашударо шуниданд.

         Бо як хулосаи том муҳтавои суҳбатро метавон ҷамъбаст намуд, ки ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад.

         Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки миллати тоҷик тарзи тафаккури харобиовари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард.

Андеша ва пиндори ин нафарро ғайри бадиву бадманишӣ дигар чизе пур намекунад. Барҳак нафари навиштааст, ки:

Селобаи вайронӣ дар нам-нами Файзобод,

Барзагове мечарид дар хам-хами Файзобод!

Ба ин нафар сахт иртибот дорад.

          Аммо имруз ин барзагов дар доманакӯҳҳои Қуму Табрез, Табову Кирмон ва хазонрезҳои Мозандарон дар чаридану рақсидан аст.

                                    Асли матлаб…

Суйистифода аз дин, сиёсӣ кардани он ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ паҳн кардани тухми кинаву адоват, нохунзанӣ ба эътиқодоти мазҳабии мардуми минтаҷаи Ховари Миёна барои таҳиягарон ва коргардонони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ ҳамчун василаи таъсиргузорӣ хизмат мекунад.

 Дар заминаи нифоқангезиҳои динӣ – мазњабӣ, шикастани ҳувият, низому  давлатдории миллии онҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Сокинони ин кишварҳо ба хунрезию нифоқ кашида шуда оромию суботи Ватан, ҷони худро, зану фарзанди худро, хонаю дари худро аз даст медиҳанд, хонабардӯшу Ватангадо мегарданд.    

Санадаҳои расмӣ далел баронанд, ки соли 1997 баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардад ва ба сифати ёрдамчии собиқ раиси ҲНИ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Албатта, дар он давраи муайяни таърихӣ, дар рӯзҳое, ки тамоми сарварони наҳзат барои тақсимоти вазифаҳои тибқи меъёри 30-физа барояшон ҷангу ҷудошуда ҷадал доштанд ва ҳар яке хизматҳою корномаҳои ҳизбии худро пеши рӯ меовард, роҳ ёфтани Муҳиддин Кабирӣ ба доираи роҳбарии ҳизб, бори дигар иртиботи ӯро бо муассисони хориҷии ҲНИ исбот месозад.

Бо ҳамин роҳ, яъне тавассути дахолати беруна, ӯ баъди муддате муовини раиси ҲНИ ва соли 2006 баъди марги роҳбари собиқи наҳзат, раиси ҳизб интихоб, аниқтараш аз ҷониби соҳибони аслии ҳизб таъин мегардад.  

Маҳз баъди раис шудани ӯ, таъсири мазҳаби шиа дар дохили ҳизб  бештар густариш ёфт. Ҳамасола садҳо нафар аз роҳбарону фаъолони   наҳзатӣ барои иштирок дар ҳар гуна нишасту конфронсҳо, гузаштани курсҳои мазҳабӣ ба Эрон бурда мешуданд. Раҳкиро, хурду хӯрок, буду бош дар меҳмонхонаҳои гаронтарин, ҳама аз ҳисоби марказҳои мазҳабии Эрон буд. Ғайр аз ин,  чунин курсҳо дар қароргоҳи марказии ҲНИ  дар шаҳри Душанбе низ доир карда мешуданд. Чандин дафъа  таблиғотчии машҳури мазҳаби шиа Ҳасани Раҳимпур, дигар оятуллоҳои эронӣ  ба Тоҷикистон омада дар ин ҷо дарс медоданд. Дар ин дарсҳо, роҳбарони ҲНИ дар қатори аввал нишаста, ҳангоми садо додани ҳарфҳои  ин мубаллиғон алайҳи  мазҳаби аҳли суннат, бо аломати тасдиқ сар меҷунбонанд.

Далели дигари раднопазири пайвастани ҲНИ ба сиёсати мазҳаби шиа, воридшавӣ ба узвияти «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» мебошад. Соли 2013 М. Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракат интихоб шуд. Бояд гуфт, ки ин ташкилот ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиа буда, қувваҳои динию сиёсии шиа ва шиагароро муттаҳид мекунад. ҲНИ ягона ташкилоти суннимазҳабон буд, ки бо ин ҳаракат пайваст ва Кабирӣ муовини раиси ин ҳаракати ҷаҳонии шиаён шуд.

Раванди ҳодисаҳои минбаъда нишон медиҳад, ки бо сўйистифода аз фурсат, Кабирї бо дастгирии молиявию мафкуравии доирањои манфиатхоњи динии минтақа нақша ва барномаҳои тағйири низоми давлатдориро тарҳрезӣ намуд. Ӯ гоҳе дар паҳлуи охундҳои эронӣ қарор дошту гоҳе худро дар оғӯши пири маънавии «Ихвонулмуслимин» – Юсуфи Қарзовӣ мепартофт.  Ҳадафи зўран ба даст овардани қудрат хеле барвақт дар мағзи Кабирӣ ва ҳомиёни хориҷиаш ҷо гирифта буд. Танҳо замон ва вақти муносиб лозим буду халос.

Тарбия дар оилаи мазҳабӣ, таҳсил дар таълимгоҳҳои гуногуни дохилию хориҷӣ, «соҳибкорӣ» аз ҳисоби пули хоҷагони хориҷӣ, қудратталабӣ, хиёнат ба ватану хизмат ба бегонагон шахсияти М.Кабириро ҳамчун як ифротии мутаассиб, ҷоҳталаб, пулпараст, мунофиқу мазҳабфурӯш, хиёнаткору ҷинояткор шакл доданд. Зери он ниқоби мутамаддин, ки тарҳи “рӯйи бериш” ва табдили “ҷелаку ҷомаи сиёҳ” ба шиму кастюми “шик” нафаре қарор додар, ки “сифоташро” дар боло гуфтем. Боқӣ қазоват ба хонанда аст.

Куруш Бекмуродзода журналист

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...