8.8 C
Tajikistan
Thursday, July 29, 2021

СУТ: Эмгузаронии зидди COVID-19 дар 190 кишвар оғоз ёфт

Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус, ки боиси бемории COVID-19 мешавад, аллакай дар 190 кишвар оғоз ёфтааст ва ин дар ҳолест, ки 86 кишвар ваксинаҳоро аз тариқи механизми байналмилалии COVAX дарёфт намудаанд. Ин маълумотро Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус 6 апрел зимни брифинг дар Женева пешниҳод кард.

«Дар оғози соли равон ман аз тамоми кишварҳо даъват карда будам, ки дар 100 рӯзи аввали соли 2021 эмкунии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигаронро оғоз кунанд. Ҳамин ҳафта 100 рӯз ба поён мерасад ва 190 кишвар ва иқтисод ба эмгузаронӣ оғоз карданд», — иброз дошт роҳбари СУТ. Вай афзуд, ки COVAX аллакай ба 86 кишвар ва иқтисод 36 миллион воя таҳвил додааст ва давоми ин ҳафта ин рақам метавонад ба 100 бирасад.

Ба гуфтаи ӯ, дар мубориза бо коронавирус набояд ҳеҷ кас дар канор бимонад. «Масъалаи ҳалношудаи афзоиши истеҳсол ва тақсимоти баробари ваксинаҳо монеаи асосӣ дар роҳи қатъи марҳилаи шадиди пандемия боқӣ мемонад»,  — зикр кард Тедрос Аданом Гебрейесус.

СУТ ба механизми COVAX, ки дар он 190 кишвар ва иқтисод шомил мебошанд, аҳамияти калон медиҳад. Мутобиқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд харидории ваксинаро барои кишварҳои камдаромад маблағгузорӣ мекунанд. Тибқи нақшаҳо, то охири соли 2021 бояд 2 миллиард воя ваксинаҳои COVID-19 истеҳсол ва дар ҷаҳон баробар тақсим карда шаванд.

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news