-3.5 C
Tajikistan
Monday, October 25, 2021

ФУТБОЛ. Комрон Турсунов дар Ҳиндустон голи панҷуми худро ба нишон расонид

Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби   Тоҷикистон Комрон Турсунов, ки дар Hero I-League – дивизиони якуми Ҳиндустон бозӣ мекунад, ба задани голи навбатии худ муваффақ шуд, ки голи панҷуми ӯ дар ин лига мебошад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи «ТРАУ»-и Комрон Турсунов дар сафар бо ҳисоби калони 5:1 дастаи футболи «Индиан Эрроус»-ро мағулб кард. Дар ин бозӣ футболбози тоҷик ҳам ба задани гол ва ҳам ба анҷом додани ду партофти головар муваффақ гашт ва маротибаи дуюм дар мавсим — беҳтарин бозингари вохӯрӣ эътироф шуд. Ба Комрон Турсунов барга бо арзиши 25 ҳазор рупияи Ҳиндустон, ки баробар ба 345 доллари ИМА мебошад, тақдим гардид.

Ҳамчунин чанд рӯз пеш бозингари   дигари  дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳулло, ки дар  дастаи «Ченнай»-и Ҳиндустон баромад мекунад, нахустин голро ба нишон расонид. Фатҳулло Фатҳулло кӯшиши зиёд мекард, ки дар  бозиҳои мазкур гол занад ва ниҳоят дар даври 20-уми Суперлигаи Ҳиндустон бар зидди дастаи футболи  «Керала Бластерс» нахустин голашро дар ин чемпионат ба ҳадаф  расонид.

Хотиррасон мешавем, ки   ин бозингари  бомаҳорати тоҷик дар дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд солҳои тӯлонӣ бозӣ кардааст.

Ин ду бозингар аз беҳтарин бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.

Latest news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...

Related news