1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

ХАБАРИ УМЕДБАХШ! Cуръати тавсеаи COVID-19 дар саросари ҷаҳон суст шудааст

Нишондиҳандаҳои тавсеаи коронавирус дар саросари ҷаҳон коҳиш меёбанд. Дар ин хусус 5 феврал коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Мария ван Керкховен зимни брифинг изҳор намудааст (ДАР АКС).

«Ин аз ҳисоби як қатор омилҳо ва пеш аз ҳама, аз баракати тадбирҳои андешидаи кишварҳо ҷиҳати қатъ кардани занҷири интиқоли вирус ва пешгирии сирояти одамони дигар сурат мегирад», — гуфт ӯ.

Керкховен инчунин аз кишварҳое, ки дар онҳо шумораи гирифторони нави коронавирус кам мешаванд, даъват кард, ки ба ҳар ҳол дастгирии усулҳои санитарии пешгирии тавсеаи COVID-19 -ро идома диҳанд.

Пештар, 1 феврал Директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебреисус гуфта буд, ки се ҳафта боз шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон, ки дар мавриди онҳо гузоришҳо ворид мешаванд, коҳиш меёбад. «Ин хабари умедворкунанда аст ва нишон медиҳад, ки вирусро ҳатто бо мавҷудияти навъҳои нави он, ки ҳоло дар гардишанд, назорат кардан мумкин аст», — афзуда буд вай. Ба гуфтаи роҳбари СУТ, “ин аз он шаҳодат медиҳад, ки идомаи андешидани тадбирҳои зиддивирусӣ тавсеаи уфунатро пешгирӣ мекунад”.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news