-10.1 C
Tajikistan
Friday, March 5, 2021

Дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ оғоз гардиданд

Чанд рӯз аст, ки дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ оғоз гардидаанд. Иқдоми мазкур бо ибтикори кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷараён дорад. 

Тавре масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло кормандони идора ба корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ шурӯъ намудаанд. Иҷрои ин амал ба иҷрои ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озуқаворӣ, амалигардонии Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор», сари вақт ва босифат обёрӣ гардидани заминҳо ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ   мусоидат менамояд. Имрӯзҳо талабот ба об камтар буда, фурсати муносибест барои таъмиру тармими таҷҳизоти обкашӣ, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва умуман омодагӣ ба обёрии мавсими нав.

Имсол тибқи нақша тоза намудани канал ба масофаи 25000 метри мукааб ба нақша гирифта шуда, асосан ҷойҳои осебпазири он тоза карда мешавад. Бо ин мақсад ба мавзеи кор техникаҳои замонавӣ ҷалб карда шуда, то имрӯз 70 дарсади корҳо иҷро гардидаанд.

Обёрии заминҳои аксар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр аз Канали калони Фарғона, ки имсол аз баистифодадиҳии он 82 сол мегузарад ва он муддати 45 рӯз бе истифодаи техникаю тариқи ҳашар кофта шудаааст, сарчашма мегирад. Инчунин як қисми сокинони шаҳр аз оби Канали калони Фарғона истифода мебаранд.

Latest news

Авлавияти раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба расонаҳои мисрӣ муаррифӣ гардид

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ барои расонаҳои мисрӣ брифинг баргузор намуда, доир ба авлавияти раёсати Тоҷикистон дар Созмони...

Душанбе: Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид

25 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба беҳтар намудани...

ФУТБОЛ. Комрон Турсунов дар Ҳиндустон голи панҷуми худро ба нишон расонид

Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби   Тоҷикистон Комрон Турсунов, ки дар Hero I-League – дивизиони якуми Ҳиндустон бозӣ мекунад, ба задани голи навбатии худ муваффақ...

«Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар Душанбе корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ бунёд менамояд

Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» тасмим гирифтааст, ки дар Душанбе корхонаи саноатӣ  оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ба роҳ монад. Дар  робита ба ин дар...

Related news