-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила: шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд

Ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ ба 9 моддаи Кодекси амалкунанда тағйирот пешниҳод гардида, инчунин 2 боби нав илова карда шуд, ки он фарогири 11 моддаи нав мебошад. Аз ҷумла, ба  моддаи 69-и Кодекси амалкунанда сархатҳои шашум ва ҳафтум илова карда шудаанд, ки  тибқи  онҳо  доираи асосҳо барои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модар зиёд гардида,  шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакони то ба синни шонздаҳ нарасида маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки ба  ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ  машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

Дар ин  хусус зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи Шӯро зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардид, ки мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст, ки Пешвои муаззами миллат дастгирии оилаҳоро меҳвари сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаашон қарор дода, маҳз дар ин замина ятимону маъюбон ва пиронсолони бекасу танҳоро таҳти назорати қатъии худ гирифта, пайваста дар таъмини шароити иҷтимоии ин қишри ҷомеа саҳм мегузоранд.  Ибтикори мазкур ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 барои сода гардонидани расмиёти фарзандхонии кӯдакони ятим баён гардида буд, вобаста мебошад.

Тибқи лоиҳаи мазкур, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 671 илова  мегардад, ки дар он ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарбияткунандагони воқеӣ дар таълим ва тарбияи кӯдакон,  ки ҳуқуқи иштирок кардан доранд, муайян карда мешавад.

Инчунин моддаи 672-и дар лоиҳа пешбинигардида асосҳои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ  вобаста ба тарбияи воқеиро дар бар гирифтааст.

Дар асоси лоиҳаи мазкур ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  боби 201 илова карда мешавад, ки он масъалаҳоро вобаста ба оилаи (мураббии) парастор,  шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдак ба оилаи (мураббии) парастор, падару модари (мураббии) парастор, кӯдаконе, ки нисбат ба онҳо оилаи (мураббии) парастор таъйин кардаанд ва таъминоти кӯдакони ба оилаи (мураббии) парастор додашударо фаро мегирад.

Ҳамчунин, ба лоиҳа боби  20 бо номи оилаи меҳмондорӣ илова карда шудааст, ки он асосҳо барои додани кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастори аз падару модар мондаро ба оилаи меҳмондорӣ, тартиби додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ, шартнома дар бораи ба тарбия додани кӯдакон ба оилаи меҳмондорӣ ва масъулияти шахсоне, ки кӯдаконро ба оилаи меҳмондорӣ қабул менамоянд, танзим менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки  Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр  намуданд, ки ҳоло дар мамлакат 5 277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.

Дар сурати қабул гардидани қонуни мазкур барои фаро гирифтани кӯдакони  маъюб, ятим ва кӯдакони бепарастори аз падару модар монда ба таъмину тарбия дар оилаҳои (мураббии) парастор ва муваққатан дар оилаи меҳмондорӣ на танҳо шахсони бефарзанд, балки ҳамаи оилаҳои фарзанддор низ баҳри иҷрои амалҳои нек саҳм мегузоранд.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news