1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Дар Хатлон 959 муассисаи тандурустӣ бунёд мегардад

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз 959 муассисаи гуногуни тандурустӣ бунёд мегарданд, ки он ба  баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Аз ин шумора 53 адад беморхона, 105 адад марказҳои саломатӣ, 341 адад бунгоҳи тиббӣ, 230 адад нуқтаҳои хатна, 30 адад таваллудхона ва 200 ададро  дорухонаҳо ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки то имрӯз бештари ин муассисаҳои тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

 «Феълан корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои нисбатан бузургҳаҷм, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати хоб, инчунин Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар идома доранд»,-афзуд мавсуф.

Мирзоалӣ Раҷабзода гуфт, ки Вазоати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нақша доранд, ки тамоми ин муассисаҳои тандурустиро бо таҷҳизоти нодири аз давлатҳои хориҷӣ харидоришаванда таъмин намоянд.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news