5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Дар Душанбе як модар чоргоник таваллуд кард

Дар Душанбе боз чоргоникҳо таваллуд шуданд! Дар таваллудхонаи №3-и пойтахт як модар ду писар ва ду духтар таваллуд кард, менависад рӯзномаи «Фараж». Ба гуфтаи табибон, ин гуна ҳолатҳо кам рух медиҳанд — аслан аз чандсад ҳазор як ҳолат.

«Вақте бори аввал аз ташхис гузаштам, табибон гуфтанд, ки дар батнам чор дил метапад. Бовар накардам. Боз дар ду-се ҷои дигар ташхис кардам, он ҷо ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд», — нақл кард модари 34-солаи кӯдакони навзод ба рӯзнома.

Ӯ гуфт, ки то ҳол кӯдаконашро надидааст.

Ба гуфтаи духтури шуъбаи эҳёгарии навзодон Фарида Кароматуллоевна, кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд ва чанд муддат модару кӯдакон зери назорати мутахассисон қарор хоҳанд гирифт.

Падари кӯдакони навзод Далер Файзалиев то охирон лаҳза бовар надошт, ки ӯ якбора падари чор фарзанд мешавад. Ӯ аз субҳ дар таваллудхона мунтазири ба дунё омадани кӯдакон буд. Маълум гардид, ки ин зану шавҳар аллакай ду фарзанд — писарони 14 ва 3-соларо ба воя мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин ҳолат соли 2018 дар Душанбе ва дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд ва ҳамон замон дар ВМКБ низ бори аввал чоргоникҳо таваллуд шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дода буд.

Шумораи ҳомиладории серҷанин фарзанд дар кишвар сол аз сол меафзояд. Коршиносон инро ба афзоиши умумии сатҳи таваллуд дар кишвар рабт медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи 10 моҳ дар кишвар 166,6 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст. Дар ҳама вилоятҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд дар давраи муқарраркардаи қонун 2,4% афзудааст.

Дар аввали моҳи ноябри соли 2020 аҳолии Тоҷикистон аз 9,4 миллион нафар гузашт. Ин нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 2% зиёдтар аст.

Минтакаи сераҳолитарини ҷумҳурӣ вилояти Хатлон мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз 3,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Дар вилояти Суғд беш аз 2,7 миллион, дар ВМКБ — 230,4 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи марказ — беш аз 2,2 миллион ва дар Душанбе — 871,6 ҳазор ба қайд гирифта шудаанд.

Агентии омор зикр менамояд, ки афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон 2,1% -ро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, 30 сол пеш дар ҷумҳурӣ 5,4 миллион нафар зиндагӣ мекарданд.

Коршиносон бар онанд, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2023 ба 10 миллион нафар мерасад. Тибқи пешгӯиҳои СММ, то соли 2100 аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 25 миллион нафар мегузарад. Ҳамзамон, то соли 2030 дар Тоҷикистон тақрибан 12 миллион нафар зиндагӣ хоҳанд кард ва дар соли 2040 ин рақам ба 14 миллион хоҳад расид.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news