4.1 C
Tajikistan
Friday, June 18, 2021

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни миллӣ дар ноҳияи Варзоб беш аз 270 иншоот ба истифода дода мешаванд

Дар доираи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб доир ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди  зиёда  аз 270  иншоот ба нақша  гирифта шудааст. Дар нақшаи тасдиқгардида бештар биноҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шудаанд, ки аз он  12 муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 33 майдончаҳои варзишӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона  ва дигар намуди иншоот  бунёд мегарданд.  То моҳи  ноябри  соли 2020  142 иншооти ҷашнӣ  ба истифода дода  шуда,  айни  ҳол сохтмони  57  адад  иншоот  идома  дорад. Ҳамзамон сохтмони 4 муассисаи таълимӣ  ва 1 муассисаи  тарбиявӣ дар арафаи анҷом  қарор дорад. Шумораи ҷойҳои кории таъсисёфта аз ҳисоби иншооти ҷашнӣ 354 адад мебошад.

Мудири  бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Варзоб  Фирдавс Зарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар бунёди  иншооти ҷашнӣ саҳми соҳибкорону сокинони маҳал назаррас аст. Бо саҳми соҳибкорону сокинони ноҳия  бинои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №64 деҳаи Гулбоғ 2-и  Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо харҷи 1 млн  сомонӣ барои 336 нафар хонанда дар ду баст, 5 синфхонаи иловагӣ дар мавзеи Сементзаводи Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ  барои 240 ҷойи нишаст, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии деҳаи Чинор, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №52 деҳаи Меҳробод, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №9, деҳаи Беғар барои 192 ҷойи нишаст, 3 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Бувак барои 144 ҷойи нишаст,  сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 деҳаи Ҷангалаки Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо таъмини таҷҳизоти ҳозиразамон ва 2 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ бунёд гардидааст.

Дар доираи ин ҷашни бузурги таърихӣ дар ноҳияи Варзоб аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва созмонҳои хориҷӣ чор синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии  №53-и  деҳаи Ҷангалак ва чор синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Бакавули нав бо маблағи 1 миллион сомонӣ  аз ҳисоби сармояи мустақим ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин сохтмони бинои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо маблағгузории 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби  буҷети маҳаллӣ  барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст оғоз гардидааст.

Барои таъмин намудани кӯдакони ноҳия бо муассисаҳои томактабӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди кӯдакистонҳо ба нақша гирифта шудааст. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷалби соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ сохтмони боғчаи бачагона барои 100 нафар  ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисоботи оморӣ,  965 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин фаъолияти   65 минтақаи истироҳатӣ оммавии  мавсимӣ буда, фаъолияти  якчанд иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монади минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи комплекси лижаронии «Сафеддара»   доимӣ мебошад. Дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ва навсозии иншооти маишӣ, аз ҷумла ҳаммом, сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн дар маркази ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак дар соли 2020,  13 минтақаи истироҳатии оммавӣ ба истифода дода шуда, инчунин сохтмони 16 иншооти минтақаи истироҳатӣ идома дорад. Ҳамзамон то ин муддат 8 сартарошхона, 4  ҳаммом, 5 адад кошонаи ҳусн, 10 маркази савдо, 2 адад меҳмонхона,  2 ошхонаи хӯрокҳои миллӣ, 5 мағоза ва нуқтаи савдо ба истифода дода шудаанд.

Мувофиқи  иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар 9 моҳи  соли 2020  64891   нафар сайёҳони дохилӣ ва 2067  нафар сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои  таърихии  ноҳия ташриф  овардаанд.

Тибқи иттилои масъулини бахши занҳои ноҳияи Варзоб, дар ноҳия зиёда аз 82 нафар ҳунармандон, аз  ҷумла зардӯз,  дӯзанда, оҳангар, ҳайкалсоз, сабадбоф, табақтарош, попурзан, адрасбоф машғули ҳунармандӣ буда, бо  маҳсули  кори дастони худ  имрӯз зиндагиашонро пеш  бурда  истодаанд.

Имсол ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар байни занон сокини Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб   Ганҷина Бобоева бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ корхонаи «Ясмина-2011»-ро  барои дӯхти либосои мактабӣ бунёд намуд ва сокини Ҷамоати деҳоти Зидеҳ Робиа Саидова барои рушди чорводорӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти президентӣ гардида, ин ҳарду барои занҳои хонанишин 16 ҷойи кори нав таъсис доданд.

Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва саноатикунонии босуръати мамлакат дар ду соли охир зиёда аз 8 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи корхонаи коркарди шир, истеҳсоли гӯшти мурғ, коргоҳи дӯхти либосҳои мактабӣ, коргоҳи қанодӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. То соли 2021 дар ноҳия 18 адад корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз менамоянд.

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...