-3.5 C
Tajikistan
Monday, October 25, 2021

Пажӯҳишгари тоҷик Беҳрӯз Табаров ҷоизаи Озмуни умумироссиягии «Умник-2020»-ро ба даст овард

Пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур Беҳрӯз Табаров зимни иштирок дар Озмуни умумироссиягии «Умник-2020» ғолиб омада, ҷоизаи озмунро ба маблағи 500 000 рубли русӣ ба даст овард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Лоиҳаи Беҳрӯз Табаров «Таҳияи модули реактор-тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ» ном дошта, миёни даҳҳо ҳазор лоиҳаҳои илмию инноватсионӣ аз тамоми Россия яке аз беҳтаринҳо ва сазовори ҷоизаи озмуни мазкур дониста шуд. Ӯ ҳамчунин баъди ба даст овардани ҷоизаи мазкур дар қатори 252 нафар  ғолибони ин озмун имкон пайдо кард, ки лоиҳаи илмияшро дар амал татбиқ намояд.

Барнома-озмуни давлатии «Умник» ҳамасола бо ҷалби олимон аз тамоми Россия баргузор мегардад. Ҳадаф аз ин иқдом кумак расонидан дар рушди тиҷорати хурди инноватсионии олимон ва ихтироъкорон, махсусан ҷавонон мебошад.    То имрӯз дар он 70 ҳазор нафар ширкат варзида, беш аз 12 ҳазор нафари онҳо ҷоизаи фондро ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Беҳрӯз Табаров иштирокчии даҳҳо конфронсу форумҳои илмӣ-пажӯҳишӣ буда, соли 2019 риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амури Федератсияи Россияро бо баҳои аъло хатм ва рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ҳамчунин соли равон  аз ҷониби собиқ Губернатори минтақаи Хабаровск дар қатори олимони ҷавон чун олими минтақа қадрдонӣ гардидааст.

Latest news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...

Related news