7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҳтарам Ҷо Байден барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба сифати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка сидқан табрику таҳният гӯям.

Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаву муҳтавои амалии онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар маснади олии Роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Америка мо ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн рушди боз ҳам бештар хоҳем дод.

Омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Бо камоли самимият ба Шумо сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули минбаъдаатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш таманно дорам».

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news