4.1 C
Tajikistan
Friday, June 18, 2021

Масъулин бо фаъолияти шабонаи як зумра беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шинос шуданд

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд. Аз ҷумла, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи Марказии  ноҳияи Шаҳринав ва Самариддин Ализода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода боздид намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, муовинони вазир зимни боздид аз фаъолияти  шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуданд.

Ҳадаф аз иқдоми  мазкур, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва ҷараёни хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон, вохӯрӣ бо беморон ва дигар масъалаҳои ҷойдошта мебошад.

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news