-21.5 C
Tajikistan
Monday, January 24, 2022

Дар рӯзи аввали Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи шоирӣ 3 нафар ҳунарнамоӣ карданд

Рӯзи дуюм аст, ки  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Дар рӯзи аввал аз рӯйи номинатсияи шоирӣ аъзои ҳакамон аз вилояти Суғд 3 нафар-Мафтуна Нозирова, Сафар Абдураҳимов ва Мадина Қодироваро шуниданд. Айни замон иштирокчиён аз вилояти Хатлон баромад карда истодаанд.

Ба иттилои узви ҳакамон Хайриддини Хайрандеш, «дар номинатсияи шоирӣ дар рӯзи аввал тавонистем чеҳраҳои нави эҷодкор кашф намоем. Ҳарчанд дар эҷодиёти нахустини баромадкунандагон камбудиҳо ба назар мерасанд, вале дар маҷмӯъ метавон гуфт, миёни иштирокчиён чеҳраҳои нави суханвару сухандон зиёданд».

Роҳбари гурӯҳи ҳакамон Рустам Ваҳҳобзода иброз намуд, ки барояшон муайян кардани ғолибон аз рӯи номинатсияи шоирӣ хеле душвор аст, зеро иштирокчиён бо тайёрии пухта омадаанд. «Гузашта аз ин, барои ин номинатсия танҳо 3 ҷойи ифтихорӣ муқаррар шудааст, ки муайян кардани беҳтаринҳо кори моро душвортар месозад. Ҳар  чеҳрае, ки  инҷо омадааст, бо эҷоду суханаш аз ҳамдигар фарқ мекунад. Изҳори итминон дорам, ки соли оянда ба номинатсияи мазкур   тағйирот ворид гардида,  шумораи ҷойҳои ифтихорӣ бештар карда мешавад»,- гуфт Рустам Ваҳҳобзода.

Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияи шоирӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон,  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 23 нафар ширкат меварзанд.

Ғолибони ин номинатсияро барои ҷойи якум 25 000 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 20 000 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм 15 000 ҳазор сомонӣ интизор аст.

Latest news

Дар Хатлон корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз оғоз шуданд

Дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз корҳои омодагӣ оғоз шуданд. Дар робита ба ин...

Дар Бохтар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои оянда доир шуд

22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият...

Олмон ба амалигардонии иқтисоди рақамӣ ва сабз дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд

 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни мулоқот бо Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер...

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд

Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид....

Related news