4.7 C
Tajikistan
Sunday, May 9, 2021

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рӯи панҷ номинатсия идома дорад.

Дар оғози маросими бошукӯҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  зикр дошт, ки  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман»  бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  тибқи Амри Президент аз рӯйи панҷ номинатсия бо фарогирии мавқеъҳои бештар баргузор мешаванд.

Ба андешаи  А. Раҳмонзода, хушбахтона, наврасону ҷавонон ва шаҳрвандони мамлакат аз таъкиду ишораҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамуз гирифта, кӯшиш карда истодаанд, ки ба хотири ояндаи Ватани азизашон бештар талош намуда, дониш омӯзанд. «Сухандонӣ, сухан гуфтан, андешаи нек баён кардан аз қадим  барои мардуми мо мерос мондааст. Бузургтарин чеҳраҳои адабию фарҳангӣ бо суханҳои пурмуҳтавою назари нек ва андешаҳои солиму диди ватандӯстона дар ҳама ҳолату вазъият мардумро бо ҳам муттаҳид карда, ғояҳои ватандӯстиро тарғиб кардаанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳар ишораи Пешвои миллат барои наврасону ҷавонони мо сабақи ибрат аст. Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ он мебошад, ки мардуми мо сухандону китобхон бошанд»,- иброз дошт мавсуф.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии озмун Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Итифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигарон сухан гуфтанд. Баъд аз анҷоми қисмати муқаддимавӣ озмун дар ҳамаи номинатсияҳо ба кори худ шурӯъ намуд.

Нахуст дар озмун аз рӯйи 5 номинатсия сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунарнамоӣ намуданд. Минбаъд бо ҳамин тартиб сокинони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пурсида мешаванд.

Хонандаи синфи 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова, ки дар даври вилоятии озмуни мазкур  сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд, зимин суҳбат бо мо гуфт, ки «Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як имтиҳон ва  озмоиши одӣ нест, балки  ин аз доираи як озмуни одӣ берун аст, муаллими сахтгирест, ки имрӯз  ҷавонони моро аз ҳар ҷиҳат-хоҳ аз тамаддуни тоҷик ва  хоҳ тамаддуни ҷаҳонӣ санҷиш мекунад. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як сарчашмаи бузурги маънавиёт ва тавоноии беандоза пурқудратест, ки идроку маънавиёт, шууру оянда ва ботини моро аз ҳар ҷиҳат пурқудрат мегардонад». Ба андешаи ин иштирокчӣ, баргузории озмуни мазкур барои тамоми дӯстодорону ҳаводорони  олами  китоб  самараву натиҷаҳои хубу назаррас ба бор меорад. Ба суоли мо дар робита ба он ки ӯ бо чӣ мақсад ба озмун омадааст, чунин гуфт: «Ман ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омадам, то фурӯғи олами идроки ман равшантар  гардад, то бо чашми дили худ, бо чашми идроки худ тулӯи офтоби ояндаи  дурахшони зиндагии худро таъмин созам».

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 15 декабр  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад. Дар Китобхонаи миллӣ   5 толори махсус  барои ҳар номинатсия ҷудо шудаву озмун дар онҳо ҷараён дорад.

Шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун 269 нафарро аз рӯи 5 номинатсия ташкил медиҳад, ки аз ин:

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 67 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 62 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик 54 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 61 нафар;

-дар номинатсияи шоирӣ 23 нафар мебошанд.

Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 58 нафар аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рӯи ҳар номинатсия 7 нафар  аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд, аз ҷумла;

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

-калонсолон ва намояндагои касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

Дар озмун нахуст иштирокчиёни вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон,  баъдан иштирокчиёни ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва дар охир довталабони шаҳри Душанбе шунида мешаванд.

Latest news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...

Related news

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Фардо 9 –уми май ба пирўзии бузург бар фашизми гитлерӣ...

Бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Бохтар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои  1941 — 1945  садҳо ҳазор ҷавонмардон аз вилояти Хатлон  иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи лавҳаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и пойтахт гулчанбар гузоштанд

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги...