4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Дар Тоҷикистон зиёда аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст

Корхонаҳои сементбарории  Тоҷикистон истеҳсоли ин маҳсулоти сохтмониро зиёд намуданд. Тибқи маълумоти бахши саноат, аз аввали соли равон дар мамлакат беш аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда 2,4% ё худ нисбат ба нишондиҳандаҳои моҳҳои январ-октябри соли 2019 87,1 ҳазор тонна зиёдтар аст, хабар медиҳад “Авесто”.

Тибқи иттилои манбаи агентии “Авесто”, дар айни ҳол 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд ва иқтидори солонаи онҳо 4,7 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Истеҳсол ва содироти семент ҳар сол афзоиш меёбад. Аз ҷумла,  соли 2018 корхонаҳои саноатии Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 844,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2017 23,3% зиёдтар аст.

Соли 2019 ин нишондиҳанда 4,2 миллион тонна сементро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 тақрибан 400 ҳазор тонна зиёдтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон 1,5 миллион тонна сементро ба маблағи 68,1 миллион доллар содир кард.

Ин навъи масолеҳи сохтмонӣ асосан ба Ӯзбекистон — 980 ҳазор тонна, Афғонистон — 576 ҳазор тонна ва Қирғизистон — 80,6 ҳазор тонна содир мешавад.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 660 ҳазор тонна семент содир шудааст: 333,6 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон, 294,6 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 40 ҳазор тонна ба Қирғизистон.

Маблағи умумии даромад аз фурӯши ин навъи масолеҳи сохтмонӣ 27,3 миллион долларро ташкил додааст.

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news