8.8 C
Tajikistan
Thursday, July 29, 2021

Дар раддабандии КФО «Истиқлол» ба қатори 50 дастаи беҳтарин дохил шуд

Конфедератсияи футболи Осиё раддабандии нави дастаҳоро муайян намуд, ки дар он дастаҳои  мунтахаби Тоҷикистон мавқеи худро беҳтар карданд. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ба қатори 50 дастаи беҳтарин дохил шуд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе нисбат ба соли гузашта дар ин раддабандӣ 13 зина боло рафтааст, ки он замон охири моҳи ноябр дар ҷои 54-ум қарор гирифта буд. Тибқи нишондиҳандаҳои моҳи октябри соли 2020, барандаи дукаратаи Ҷоми КФО дар маҷмӯъ 29,77 имтиёз дошта, дар ин рейтинг зинаи 41-умро гирифтааст. Дар маҷмӯъ, ба ин раддабандӣ 144 дастаи Осиё шомил шудаанд. Дастаи дигари   Тоҷикистон – «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 11,50 хол дар ҷои 84-ум қарор дорад.

Миёни дастаҳои  Осиёи Марказӣ ҷойи баландтарин ба  дастаи «Локомотив»-и шаҳри  Тошканд тааллуқ дорад, ки бо 36,07 хол дар ҷойи 27-ум қарор гирифтааст. Панҷгонаи беҳтарин дастаҳои Осиё аз ин қабиланд- Кашима Антлерс (Япония, ҷои 1-ум, 100,79 хол), Ал-Ҳилол (Арабистони Саудӣ, ҷои 2-юм, 97,91 имтиёз), Шанхай SIPG (Чин, ҷои 3, 96.00 хол), «Ал-Дуҳайл» (Қатар, ҷои 4-ум, 87.91), Гуанчжоу Эвергранд (Чин, ҷои 5, 86.00 хол).

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news