18:47, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дави миллӣ: аз 438 ҳазору 839 нафар иштирокдорони он 121 ҳазору 29 нафарро бонувон ташкил доданд

Тавре қаблан иттилоъ додем, дирӯз, 19 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ баргузор гардид. Дар қалби Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҳазорон нафар одамони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаасисаҳо, инчунин доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ дар макони оғози Дави миллӣ ҷамъ омаданд. Бори аввал масъулони баргузории чорабинии мазкур мавзеи оғозёбии мусобиқаро иваз карданд, ки он ба дилҳо наздик буду шумораи иштирокдоронро боз ҳам афзуд. Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста нисбат ба рушди соҳаи варзиш зоҳир менамоянд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, миннатдорӣ карданд. Зикр гардид, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни он меафзояд. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат шумораи иштирокдорони Дави миллӣ ба 438 ҳазору 839 нафар расид, ки 121 ҳазору 29 нафарро бонувон ташкил доданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе дар 13-умин Дави миллӣ зиёда аз 50 ҳазор, дар вилояти Суғд 30 ҳазор, дар вилояти Хатлон 34 ҳазору 270 нафар ширкат варзиданд. Дар дави миллии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ зиёда аз 8 ҳазор нафар калонсолону ҷавонон ва хурдсолону наврасон иштирок намуда, ширкаткунандагон бо раисони вилояту шаҳри Хоруғ Ёдгор Файзов ва Кишвар Шамирӣ аз маҳаллаи «Селхозтехника» то Майдони Исмоили Сомонии шаҳр давиданд.